“Россия сегодня" қабули дархост ба озмуни Стенинро ба анҷом мерасонад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДар намоишгоҳи аксҳои Стенин
Дар намоишгоҳи аксҳои Стенин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зиёда аз 2000 кори аксбардорони ҷавон аз саросари Русия ва панҷ қитъаи олам ба феҳристи озмун дохил шуданд. Маросими тақдими ҷоиза ва намоишгоҳи аксҳои ғолибони озмун рӯзи 30 августи соли 2016 дар Маскав баргузор хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Қабули дархостҳо ба озмуни Байналмиллалии ба номи Андрей Стенин, ки аз ҷониби "Россия сегодня" таҳти назорати Комиссияи русиягии ЮНЕСКО эълом гардидааст, 22 март соати 23:59 бо вақти Маскав ба анҷом мерасад.

Беш аз 2000 кори аксбардорони ҷавон аз саросари Русия ва панҷ қитъаи олам ба озмун дохил шуданд. Дар доираи озмун фотожурналистони ҷавон аз Русия, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия, Ҳиндустон ва Ҷанубу Шарқи Осиё, Ховари Миёна, Африқо имконият пайдо намуданд, то техникаи аксбардорӣ ва озмоишҳои рангҳои сафеду сиёҳро нишон диҳанд. Аксҳои қаҳрамони замони мо, ангораҳо дар мавзӯъи деҳа, пейзажҳои равшан ё монохромӣ, аксҳои ҳодисаҳои ҳаётӣ,  репортажҳои сиёсӣ ва варзишӣ ба озмун ворид шудаанд.

“Россия сегодня” аксҳои хотирмони Андрей Стенинро мунташир кард

Ғолибон 4 августи соли 2016 эълон мегарданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ва намоиши аксҳои ғолибони озмун 30 августи соли 2016 дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Дархостро барои иштирок метавонед тариқи сомонаи stenincontest.ru  фиристед.

Мақсади асосии озмуни байналмиллалии фотожурналистика ба номи Андрей Стенин дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби диққати омма ба фотожурналистикаи муосир мебошад. Озмун- майдони ягонаест, ки  ҷомеаи аксбардории байналмиллалӣ номҳои нав ба нави журналистони суратгирро муаррифӣ намуда, онҳоро дастгирӣ  мекунад ва даст медиҳад то меъёрҳои аксбардорӣ рушд кунад ва тавлиди аксҳои ҳуҷҷатӣ дар Русия ва ҷаҳон авҷ ёбад.

Соли 2015 озмун калонтарин майдони аксбардорони ҷавон гардид, ки зиёда аз 5000 ангораҳоро аз 54 кишвари дунёро ҷамъ кард. Дар озмун аз чор қитъаи дунё, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ховари Миёна,Ҳиндустон ва Ҷанубу Шарқи Осиё аксбардорон ширкат карданд.

Иштирокчиён аз Русия низ аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, Владивосток ва Находка фаъолияти худро ба маърази тамошо гузоштанд.  

Лентаи хабарҳо
0