ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Пурсиш бо дархости Оҷонсии иттилоотӣ ва радиои Sputnik аз ҷониби ширкати таҳқиқоқотии Populus дар ИМА, Бритонияи Кабир, Нидерланд ва ширкати бузургтарини фаронсавии Ifop дар Фаронса, Италия ва Олмон гузаронида шуд.
Ба саволи "Оё шумо Қримро қисми Русия меҳисобед, ё на", 39% шаҳрвандони Итолия ва 37% сокинони Олмон мутаввафиқанд, ки Крим ҷузъе аз Русия аст. Дар Бритонияи Кабир ва Нидерланд ин нишондод мутаносибан ба 33% ва 32% баробар аст. Дар ИМА ва Фаронса шумораи нафароне, ки Кримро қисме аз Русия меҳисобанд, 26% буда, дар ИМА онҳое, ки гуфтаанд "намедонанд"- 42 фоизро ташкил медиҳанд.
Пурсиш дар ИМА, Бритонияи Кабир ва Нидерланд аз сӯи ширкати Populus аз 4 то 9 марти соли равон гузаронида шуд. Дар пурсиш 3092 нафари синнашон аз 18- сола боло: дар Нидерланд 1004, дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ 1085 ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 1003 нафар ширкат доштанд.
Пурсишнома аҳолиро аз рӯи ҷинс, синну сол мансубияти ҷуғрофӣ ва касбу кор ҷудо менамояд. Дар Фаронса, Италия ва Олмон пурсиш 8-10 март аз ҷониби ширкати собиқадори Ifop, гузаронида шуд. Дар пурсиш 3001 нафари синнашон аз 18- сола боло: дар Фаронса- 1005, дар Олмон —1002 ва дар Италия 994 ҷавоб пешниҳод намуданд. Эҳтимолияти иштибоҳи пурсишнома аз 95 дарсади пурсидашудагон ҳамагӣ 3,1%-ро ташкил медиҳад.
Маълумот дар бораи лоиҳаи Sputnik.Мнения.Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошад. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.
Sputnik (sputniknews.com) — хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тааллуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.