ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вакилони парлумони Фаронса, ки ба Қрим омада буданд, дар соҳилҳои Ялта сайру гашт карда, бо сокинону меҳмонони фароғатгоҳҳо гуфтугӯ доштанд, пасон таасуроти худро дар ин бора баён намуданд.
Намояндагони Фаронса шомгоҳон бо мушояати раиси Шӯрои давлатии Қрим Владимир Константинов ва хабарнигорон дар соҳил чанд километр пиёда гаштугузор карданд. Ҳайат дар вақти тамошо беш аз даҳ маротиба бозистода, бо мардуми оддӣ ва сайёҳон гуфтугӯ карданд.
Меҳмонони хориҷӣ бо шавқ акс мегирифтанд ва аз мағозаҳои наздисоҳилӣ либосҳои навиштаҷоти Қримдоштаро харидорӣ карданд.
"Мо ин ҷо мардуми хушбахтро дидем, ки дар Қрим ба сар мебаранд ва аз бозгашти он ба Русия хурсанданд. Мо бо одамони зиёде сӯҳбат доштем. Он чиро, ки мо ин ҷо дидем, аз тасаввуроти мо ба куллӣ фарқ мекунад, ба мо дар он ҷо (манзур Фаронса ва Ғарб аст- шарҳи идора) дигар чиро талаққӣ мекунанд, дар Қрим вазъ ба гунаи дигар аст",- нақл кард вакили парлумони Фаронса Мари Кристин Даллоз.
Фаронсавиҳо дар шарҳи ҳарфҳои худ гуфтанд, ҳеч интизор набудем, ки дар Ялта теъдоди бузурги одамони ба тафреҳ машғулро мебинем. Баъди сайругашт ба меҳмонони хориҷӣ кохи Ливадиро тамошо дода, кормандони осорхона барои эшон нақлҳои ҷолиб карданд.
Ван И дар Пекин ҳамтои тоҷикашро ба ҳузур пазируфт