Ба терминали Фурудгоҳи Душанбе танҳо парвозкунандагон ворид мешаванд

© SputnikТерминали нави Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе
Терминали нави Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба чораҳои нави амниятӣ гуселкунандагон ва пешвозгирандагонро ба дохили толори интизорӣ иҷозат намедиҳанд.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тайи як моҳи охир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қонунҳои нав амал мекунанд: гуселкунандагон ва пешвозгирандагонро намегузоранд вориди толори интизорӣ шаванд ва далели ин ҳам чораҳои нави амниятӣ гуфта мешавад, хабар медиҳанд расонаҳои дохилӣ.

Масъулони амниятии фурудгоҳ танҳо онҳоеро ба дохил иҷоза медиҳанд, ки дар даст чипта доранд ё барои харидории чипта вориди бино мешаванд.

Фурудгоҳи Душанбе аз мусофирон 344 шикоят гирифтааст

Дар назди даромадгоҳи терминал мардуми зиёд истодааст, ки баъзеҳо хешовандон ё наздикони худро интизоранд, баъзеи дигар шарикони тиҷоратиашонро.

Тасмими нав аз он ҷиҳат мардумро нигарон кардааст, ки парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе на ҳамеша дар соати муайяншуда анҷом мешаванд ва мусофирону наздиконашон маҷбуран соатҳо мунтазири соати парвоз бимонанд.

Кормандони Фурудгоҳи байналмилалӣ тасдиқ карданд, ки дар моҳҳои ахир чанд тағйирот дар қойдаҳои нави амниятӣ ворид шудааст.

Сухангӯи ширкати "ТоҷикЭйр" Мунаввар Муллочаев мегӯяд ин тасмим пеш аз ҳама ба манфиати худи мусофирон ва наздиконашон бошад.

Инчунин ӯ суқути ҳавопаймои Русия дар Шарқи Наздикро ёдовар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли ҷорӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар якҷояги бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар чораҳои амниятиро тақвият доданд.

Бинои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Милиса дар фурудгоҳи Душанбе ҳамкорашро парронд

Ба иттилои манбаъ назорат аз амнияти фурудгоҳ воқеан ҳам ҷиддитар шуд ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷиноят дар фурудгоҳ чораандешӣ мекунанд.

Бузургтарин фоҷеа дар таърихи ҳавопаймоии Русия ва авиасияи Шӯравӣ 31 октябри соли равон рух дод, ки бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабон дар Синойи Миср ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати русии "Когалимавиа" буд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.

Лентаи хабарҳо
0