ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе як афсари милиса аз тири силоҳи ҳамкораш ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад ОИ Tojnews бо истинод ба як манбаъ аз ВКД.
"Воқеъа шаби 19-ум ба 20-уми август дар шӯъбаи корҳои дохилӣ дар назди фурудгоҳ сурат гирифтааст. Ду афсари милиса, ки хатмкардаҳои Академияи ВКД буданд, миёни ҳам бо силоҳ бозӣ кардаанд. Яке аз милисаҳо аз тири силоҳ захмӣ шуда, ба ҳалокат расидааст",-илова кардааст манбаъ.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кардаанд, ки воқеан чунин ҳодиса рух дод. Аммо аз шарҳи қазия худдорӣ кардаанд.