ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар мавриди гум шудани бағоч ва корношоям шудани он аз 344 мусофир шикоят ворид гардида, 335-тои он баррасӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир 9 аризаи боқимонда тафтиш мешавад, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.
Аз хизматрасонии фурудгоҳи байналмиллалӣ дар ин давра 240,5 ҳазор мусофир истифода кардааст. Ин арқом дар ҷаласаи ҳайати роҳбарикунандаи ФБД, ки аз фаъолияти семоҳаи худ дар соли равон ҳисобот медоданд, садо дод.
"Тайи ин муддат ба 1 ҳазору 482 хатсайри доимӣ хизмат расонида шуд. Ҳаҷми интиқолу ирсоли бор тариқи ҳавопаймоҳо 458,8 ҳазор тоннаро ташкил дод",- гуфт сухангӯи ҶСК "ФБД" Муҳаммадюсуфи Шодӣ.
Ба қавли ӯ, дар нимсолаи дуввуми соли 2015 дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе бунёди терминали боркашонӣ оғоз мегардад.