БОР сармоягузории роҳи оҳани ТАТ-ро муваққатан қатъ кард

© Flickr \ Ingy The WingyРоҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон яке аз тарҳҳое ба шумор меравад, ки имконоти нақлиётӣ ва транзитии кишварро зиёд карда, ба рушди манотиқи ҷанубии кишвар мусоидат менамояд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сармоягузории сохтмони роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон аз ҷониби Бонки осиёии рушд муваққатан қатъ шудааст, иброз дошт намояндаи ин бонк дар Душанбе Си Си Ю зимни як нишасти хабарӣ.

Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳад

Ӯ дар шарҳи ин гуфтаҳои худ афзуд, ки ноустувории вазъи Афғонистон имкон намедиҳад, ки ба сармоягузории ин лоиҳаи аз ҳама бештар манфиатдор ба Тоҷикистон аз нигоҳи амнияти коммуникатсионӣ идома дода шавад.

"Ошкоро мегӯям, ки дар ин ҳеч масоили пӯшида вуҷуд надорад. Сатҳи амният дар Афғонистон ниҳоят пойин аст ва мо метарсем, ки ин лоиҳа ба таври бояду шояд амалӣ карда намешавад. Дар ҳоле ки қисмати зиёди роҳи оҳани мазкур — 300 километр тавассути қаламрави Афғонистон бояд убур кунад ва бахши он дар Тоҷикистон ҳамагӣ 50 — 60 километрро ташкил медиҳад", — изҳор дошт ҷаноби Ю.

Гузаргоҳи роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2016 бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ба анҷом мерасад

Дар марҳалаи аввал сохтмони ду қисмати ин роҳ, қисмати 85 — километрии Отамурод — Имомназар дар қаламрави Туркманистон ва қитъаи 38-километрӣ аз Имомназар  то маҳалли аҳолинишини Акина дар қаламрави Афғонистон пешбинӣ шуда буд.

Роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон яке аз тарҳое ба шумор меравад, ки имконоти нақлиётӣ ва транзитии кишварро зиёд карда, ба рушди манотиқи ҷанубии кишвар мусоидат мекунад.

Тӯли ин роҳ 400 километрро дар бар гирифта, минтақаи Отамурод — Имомназари Туркманистонро бо маҳалли аҳолинишини Акина — Андхойи Афғонистон пайваст карда, тавассути Панҷи поёни Тоҷикистон убур мекунад.

Ҳазинаи эҳтимолии ин лоиҳа 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Туркманистон хароҷоти сохтмони қисмати қаламрави худро бар уҳда гирифтааст. Аммо Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин бора ба сармоягузории бонкҳои хориҷию байналмилалӣ такя доранд. Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳони аз зумраи ин бонкҳоянд.

Лентаи хабарҳо
0