ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар назар аст сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон тирамоҳи соли 2015, дар остонаи таҷлил аз 25-мин солгарди истиқлоли Тоҷикистон анҷом ёбад, менависад хабаргузории Ховар.
Барои иҷрои ин тарҳ қарзи 71,2 миллион долларии чинӣ ва сармоягузориҳои давлати Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд.
Ҳазинаи тарҳи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки 46 километр тул дорад, 125 миллион доллар арзёбӣ мешуд.
Иҷрои ин тарҳ соли 2009 оғоз шуда буд.
Дар вазорати нақлиётии кишвар изҳор доштанд, ки ба иҷрои тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки имконоти нақлиётӣ ва транзитии кишварро зиёд карда ба рушди манотиқи ҷанубии кишвар мусоидат мекунад, тавваҷӯҳи вижа зоҳир карда мешавад.
Интизор меравад дар соли 2015 иҷрои қисмати тоҷикистонии ин тарҳ оғоз шавад. Феълан, умури таҳияи асноди ин тарҳ ва мувофиқат кардани самти ин масир бо масъулони Афғонистон ва Туркманистон идома дорад.
Тибқи интизориҳои муқаддамотӣ, ин тарҳ дар ду сол, яъне аз соли 2015 то 2017 иҷро хоҳад шуд.