ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Эксимбонки Чин ба давлати Тоҷикистон барои сохтмони хатти роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон $72 миллион қарз медиҳад, ки 68 миллион аз он қарзи имтиёзнок мебошад, хабар медиҳад сойти парлумони Тоҷикистон.
Ин қарордоди қарзиро имрӯз вакилони парлумони Тоҷикистон якдилона тасвиб карданд. Санади қарзӣ аз сӯйи Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ироа шуд ва ӯ зикр кард, ки дар тӯли ин хатти роҳи оҳан, ки дарозиаш 40,7 километр аст, се туннел ва 11 пул сохта мешавад.
"Ин тарҳ ба манзури берун кашидани кишвар аз бумбасти иртиботӣ ва муттасил кардани роҳҳои оҳани марказ ва қисмати ҷанубии кишвар иҷро мешавад. Қарз аз сӯйи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бозпас дода мешавад ва ба ин далел дар вазъи буҷаи кишвар таъсири манфӣ намерасонад", — таъкид дошт Нуралиев зимни суханронии худ дар назди вакилон.
Сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа, ки соли 2009 оғоз шуда буд, ҷузъе аз тарҳи байналмиллалии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад.
Иҷрои ин тарҳ ба боло рафтани вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳаммарз мусоидат мекунад.
Тибқи асноди фаннӣ сохтани роҳи оҳан аз Душанбе то ба Қӯррғонтеппа 130 миллион доллар арзёбӣ мешавад.