Сокинони Тоҷикистон барои "наҷот"-и биноҳои таърихӣ имзо ҷамъ мекунанд

© Sputnik / StringerЧойхонаи "Роҳат". Акс аз бойгонӣ
Чойхонаи Роҳат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони пойтахти Тоҷикистон бо тасими мақомот дар мавриди тахриби баъзе аз биноҳои маркази Душанбе розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, ин биноҳо арзиши таърихию фарҳангӣ дошта, шаҳоданомаи шаҳри Душанбе ҳам ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз тахриби биноҳои таърихии пойтахт зери як нома ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев имзо ҷамъоварӣ менамоянд.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Парлумони ҶТ соҳиби бинои нав мешавад: дар рӯбарӯи “Боғи Рӯдакӣ”

"Мо сокинони Душанбе ба Шумо ҳамчун нуктаи охирин барои ҷилавгирӣ аз иштибоҳи таърихӣ муроҷиат мекунем. Ин иншоотҳо дар даврони рушд ва ташаккули пойтахти ҷумҳурии мо сохта шудаанд ва ҳатто баъзе аз онҳо ҳоло Душанберо дар хориҷу дохил муаррифӣ мекунанд", — омадааст, дар матни нома.

Ахиран маълум гардид, як қатор биноҳои Душанде, ки миёнашон бинои дастгоҳи иҷроияи президент, шаҳрдорӣ, чойхонаи "Роҳат", театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский ҳам вуҷуд дорад, тахриб карда мешаванд.

"Дар ҳоле ки имрӯз тамоми ҷаҳон талош доранд, чизҳои хусусияти таърихи доштаро ҳифз кунанд, мо ҳақ надорем, биноҳое, ки бо як орзӯю умед аз сӯи падару бобоҳоямон бунёд шудааст, вайрон кунем", — таъкид кардаанд, сокинони пойтахт.

Парлумон дар ҷои шаҳрдорӣ, шаҳрдорӣ ба ҷои дастгоҳи иҷроия мекӯчанд

Ба сокинони солхурдаи шаҳри Душанбе равшан нест, ки рӯйхати биноҳои тахрибшаванда, ки арзиши меъморӣ доранд, дар кадом асосо таҳия шудааст.

"Чойхонаи "Роҳат" дар ҷаҳон маъруф ҳаст ва бо шакли меъморию хусусиятҳои вижа, аз қабили намоиши меҳмоннавозии тоҷикон ва пешниҳоди таомҳои миллии мардуми мо садҳо муштарии худ аз гӯшаву канори оламро ба ваҷд овардааст", илова кардаанд, онҳо.

Тахриби биноҳои таърихии даврони шӯравӣ ҳоло ба як раванди маъмулӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ табдил ёфтааст. Раҳбарони нави ин мамолик ҳоло талош доранд, бо бунёди биноҳҳои боҳашамат, ки ҳоло дар шаҳрҳои Ашқобод, Душанбе ва Остона қомат афрохтаанд, умри ҳукуматдории хешро дароз кунанд.

Аз ин рӯ, шонси сокинони Душанбе брои муроҷиат ба раҳбарони болию ҷилавгирӣ аз тахриби биноҳои таърихии дӯстоштаи худ хеле кам аст. Вале агар мақомот ба ин ҳарфи онҳо гӯш бидиҳад, намунаи хубе барои ҷаҳониён дар мавриди ҳифзи амокини таърихӣ ва эҳтиром гузоштан ба хостаҳои мардум хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0