Раиси ИНТ: бӯйи нони "Роҳат" хонаи модарро ба ёдам меовард

© Sputnik / Амир ИсаевЧойхонаи Роҳат.
Чойхонаи Роҳат. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоири тоҷик ва раҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар суҳбат бо Sputnik аз хотираҳояш дар чойхонаи дӯстдоштании “Роҳат” иброз дошт.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Шоири тоҷик ва раҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим хабари тахриби чойхонаи дӯстдоштаи сокинони кишвар, "Роҳат"-ро бо андуҳи хеле зиёд дарёфтааст.

Парлумон дар ҷои шаҳрдорӣ, шаҳрдорӣ ба ҷои дастгоҳи иҷроия мекӯчанд

"Алоқамандии ман ба чойхонаи "Роҳат" аз замони давраи донишҷӯӣ аст. Мо аз зодгоҳи худ ҷудо шуда будем. Аммо бӯйи нонҳои ин макон хонаамонро ба ёдамон меовард", — мегӯяд, ҷаноби Қосим.

Ин чойхона ба шоир дӯстони наздик, ҳамсабақону ҳамкорони эҷодияшро  ба ёд меорад, ки маҳз Низоми ҷавон пушти мизҳои "Роҳат" нишаста, соатҳои тулонӣ сари мавзӯъе баҳс мекард.

"Лағмон ва чойро дар ҳама ҷо мешавад, пайдо карду хӯрду нӯшид. Аммо мо ба "Роҳат" ба хотири чашидани роҳату лаззати суҳбатҳои худ меомадем. Ин ҷо на танҳо донишҷӯён, балки нависандагону рассомон ва олимону донишмандон гирдиҳам омада, дар бораи нақшаву фикрҳои нави худ бо ҳам суҳбат мекарданд.

Чойхонаи Роҳат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон барои "наҷот"-и биноҳои таърихӣ имзо ҷамъ мекунанд

Дар ҳамсоягии чойхона театри ба номи Лоҳутӣ ҷойгир аст, ки бар асоси нақшаи нави генералӣ бояд тахриб шавад.

Вақтҳое ҳам мешуд, ки мо сари як пиёла чой дар "Роҳат" дар бораи саҳнаи ба зудӣ баргузоршаванда дар театри Лоҳутӣ суҳбат мекардем ва баъд аз тамошои он боз омада, дар чойхона ба суҳбати худ идома дода, аз камбуд ва пешравиҳои чизи дидаи хеш ҳарф мезадем.

Як ҳамсояи дигари ин чойхона театри сабз аст, ки одатан дар он консертҳо баргузор мешуд ва дар бисёр маврид тамошобинон аз толори театр хеле осону роҳат ба зери гумбазҳои "Роҳат" гузашта, менишастанд.

Ин чойхона боз варзиш ва ҳунарро ҳам муттаҳид кардааст.

"Вақте дастаи "Помир" ба лигаи олӣ баромад, мухлисоне, ки аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои тамошои футбол омада буданд, маҳз дар ин чойхона ҷамъ шуда, баъд роҳ сӯи варзишгоҳ пеш мегирифтанд. Хуб, метавон гуфт, ки маконҳое ба мисли "Роҳат" бӯйи таърих мекунанд", — илова кард, ҷаноби Қосим.

Корбарони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук барои "наҷот"-и биноҳои таърихии Душанбе имзо ҷамъ мекунанд ва дар давоми ду рӯз аллакай беш аз 590 имзо гирдоварӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0