ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Номзад ба мақоми президентиии ИМА аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп аз амалиёти неруҳои ҳавоии Русия дар хоки Сурия истиқбол кардааст.
"Агар (президенти Русия Владимир) Путин мехоҳад, аз Сурия ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро берун кунад, ман саддарсад розӣ мебошам ва намефаҳмам, барои чӣ баъзеҳо зидди ин иқдоманд", гуфтааст Трамп.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори амрикоӣ, ҳоло бояд тамоми кишварҳо дар қаламрави Сурия бошанд.
"Онҳо (ҷангиёни ДИИШ) ҳавопаймои Русияро сарнагун карданд ва ӯ (Путин) ҳам эшонро дӯст намедорад, аз ин рӯ, вай ба онҷо меравад, мо меравем, хулоса ҳама бояд ба онҷо бираванд", илова кардааст номзхад ба мақоми президентии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон.
Қаблан расонаҳо бо истинод ба ҳукумати Бритониё хабар дода буданд, ки далели суқути ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синои Миср бомб мебошад. Баъдан ҳам мақомоти ин кишвар гуфтанд, фарзияи даст доштани ҷангиёни ДИИШ дар ин ҳодиса саддарсад ҳақиқат дорад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, расман сухан гуфтан дар бораи фарзияи суқути ҳавопаймои ин кишвар дар Миср ҳанӯз барвақт аст.
"Ба мо маъқул аст ё не, неруҳои Русия дар онҷо бо дархости расмии мақомоти Сурия ва Ироқ ҳузур доранд. Агар мо ба ин гуна сиёсатҳои худ (ҳамкорӣ накардан бо Русия) идома диҳем, пас бояд барои аз даст додани писару духтарони худ омода бошем", — таъкид кард Трамп.
31 октябри соли равон бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабон дар Синойи Миср ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати русии "Когалимавиа" буд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.