Наҷотдиҳандагони рус дар макони суқути "Airbus A321" дар Миср

Обуна шудан
Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҷустуҷӯи ҷасади мусофирони ҳавопаймои “Airbus А321”-ро, ки дар нимҷазираи Синои Миср суқут кард, идома медиҳанд.

Дар ин видео бубинед, чи гуна наҷотдиҳандагони рус ҳудуди макони ҳодисаро аз назар мегузаронанд.

"Корҳои ҷустуҷӯи идома дорад. Наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия минтақаҳоеро, ки дар онҳо қисматҳои ҳавопаймо ҳамроҳ бо ашёи мусофирон пайдо шудааст, аз назар мегузаронанд", гуфтааст раҳбари гуруҳи фаврии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия Александр Агафонов.

Ба гуфтаи ӯ, наҷотдиҳандагони русро лозим аст, ҳоло дар шароити хеле ҳам душвор ба кори худ идома диҳанд.

— Ҳаво хеле гарм аст. Баъзе аз минтақаҳое вуҷуд дорад, ки то 120 метр наҷотдиҳандагон бояд тавассути банд фароянд. Тамоми чизҳои ёфтшуда дар халтаҳо пур карда, ба урдугоҳи марказӣ интиқол дода мешавад.

Ба амалиёти ҷустуҷӯи инчунин мутахассисони фаронсавӣ ҳам ҷалб шуда, намояндагони ниҳодҳои зиррабти Миср ҳам иштирок доранд.

Рӯзи 31 октябри соли равон ҳавопаймои Airbus-321 ширкати "Когалимавиа"-и Русия, ки мехост аз Шарм уш-Шайх ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кунад, дар қаламрави Миср суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса 224 нафар, тамоми мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо ҷон доданд. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0