Манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Миср

© Sputnik / Максим Григорьев/ТАСС/POOL / Гузариш ба медиабонкПораҳои ҳавопаймои Airbus A321 ширкати "Когалимавиа"
Пораҳои ҳавопаймои Airbus A321 ширкати Когалимавиа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин фармонро райисҷумҳури ФР Владимир Путин ба имзо расонидааст.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бар асоси ин амр парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия ба Миср муваққатан мутаваққиф шудааст.

"Дар ин санад ба ширкатҳои ҷаҳонгардӣ тавсия шудааст, то аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Русия ба истироҳатгоҳҳои Миср худдорӣ ба як муддат худдорӣ варзанд",- омадааст дар иттилоъияи нашршуда.

Наҷотдиҳандагони рус дар макони суқути "Airbus A321" дар Миср

Ҳамзамон, тадбирҳои  зарурӣ барои бозгардондани сайёҳони Русия аз Миср зикр шуда ва Вазорати хориҷаи ФР муваззаф шудааст, то дар ин замина фаъолияти худро бо мақомоти Миср ҳамоҳанг кунад.

Рӯзи ҷумъаи 6 ноябр Владимир Путин бар асоси тавсияи Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти миллии Русия, то замони рӯшан шудани иллати суқути ҳавопаймои А321 ҳама гуна парвозҳоро ба Миср манъ кард.

31 октябри соли равон бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабон дар Синойи Миср ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати русии "Когалимавиа" буд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.

Лентаи хабарҳо
0