ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Русия ба тахмину фарзиящои мақомоти Амрикову Бритониё дар бораи эҳтимоли ба иллати бомб суқут кардани ҳавопаймояш дар Миср посухи қатъӣ дод.
Раҳбарияти ширкати "Когалимавиа" — молики ҳавопаймои суқуткарда гуфтанд, ҳанӯз қазоват дар бораи иллати садама барвақт аст.
Манобеи амниятӣ дар Бритониё ва Амрико ба расонаҳо гуфтаанд, таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки зоҳиран дар ҳавопаймо бомб гузошта шуда буд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни як тамоси телефонӣ ба сарвазири Бритониё такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти расмиро муҳим номид. Ҳамчунин, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова иброз доштааст, аз ин ки Бритониё маълумоте дошт, ки ба ин қазия рӯшанӣ андозад, вале касе онро ба Русия надод, таккон хӯрдааст.
Дар сониҳаи рӯзи 31 октябри ҳавопаймои Airbus A321-200 дар нимҷазираи Синай ҳамаи 224 сарнишинаш ҳалок шуданд