Душанбе, 5 ноя — Sputnik. Хадамоти ҷосусии Амрико мегӯяд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бо эҳтимоли зиёд метавонад сабабгори суқути Airbus-321 дар нимҷазираи Синои Миср бошад, дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Ассошиэйтед Пресс хабар медиҳад.
Ба қавли ин сохтор, гуруҳи террористии мазкур метавонист дар дохили ҳавопаймо бомба гузошта бошад.
Қаблан телевизиони CNN бо ишора ба сарчашмаи мӯътамади худ иттилоъ дода буд, ки ҳавопаймои русии A321 бо эҳтимоли зиёд дар натиҷаи таркиш суқут кардааст.
"Сарчашма гуфта, ки ин хулосаи пешакӣ бар асоси иттилоъи иктишофӣ бароварда шудааст", — омадааст дар хабари CNN.
Дар ҳамин ҳол ҳамсуҳбати CNN зикр кардааст, ки то ҳол хулосаи расмие дар ин маврид аз ҷониби ягон хадамоти иктишофӣ нашр нагардидааст. Айни замон коршиносон дар ҳоли омӯзиши сабтҳои "қуттии сиёҳ" ҳастанд ва ҳар маълумотеро, ки аз ҷойи ҳодиса ба даст омадааст, таҳкиқ мекунанд.
Рӯзи 31 октябри соли равон ҳавопаймои Airbus-321 ширкати "Когалимавиа"-и Русия, ки парвоз аз Шарм уш-Шайх ба мақсади Санкт-Петербургро анҷом медод, дар қаламрави Миср суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса 224 нафар, тамоми мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо ҷони худро аз даст доданд. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.