Дубнов: Душанбе ба АвруОсиё мепайвандад, чун наметавонад, рад кунад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкАркадий Дубнов. Акс аз бойгонӣ
Аркадий Дубнов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миёнаҳои моҳи октябр сомонаи www.dialog.tj баъзе аз саволу ҷавобҳои нишастии хабарии сиёсатшинос ва коршинос дар умури Осиёи Марказӣ Аркадий Дубновро, ки тавассути интернет баргузор шуд, нашр кардааст. Дар ин нишаст бештар ҳаводиси ахири минтақаи мазкур, аз ҷумла Тоҷикистон радду бадал шуда, саволҳо аз сӯи хоҳишмандон ироа гардидааст.

Sputnik ҳам тасмим гирифт, баъзе аз онҳоро нашр кунад.

Юрий Симонян, нашрияи Eur Asia Daily:

-Ташкили гуруҳи низомӣ дар шакли ИДМ то куҷо ба ҳақиқат наздик аст?

- Фикр мекунам, ташкили гуруҳи низомӣ дар шакли ИДМ аслан имкон надорад.

Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои ИДМ. 16 октябр 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Сергей Гриняев: ИДМ ҷойро барои АвруОсиё дар оянда холӣ мекунад

Ба назари ман, ташкили гуруҳ барои мубориза бо ДИИШ дар маҳдудаи пасошӯравӣ танҳо дар асоси созишномаҳои байнидавлатии дуҷониба ё сеҷониба бо иштироки Русия имконпазир аст.

ДИИШ ва Толибон

Ирина Умарова, рӯзноманигор:

- Ҳаракати ифротии исломӣ вақтҳои ахир ба нерӯи қавие табдил ёфтааст, ки таваҷҷуҳи зодагони Осиёи Марказиро, ки дар саффи ҷангиёни ДИИШ ҳузур доранд, ҷалб кардааст. Ба назари Шумо ин афрод киҳоянд? Гумроҳ, ноком дар ҳаёт, нафароне, ки ҳанӯз ҳам ба маънои зиндагӣ сарфаҳм нарафтаанд ё танҳо заифон?

- Албатта, миёни онҳо ҳастанд афроде, ки ба хотири ба даст овардани даромад, чашидани завқи ҳукумфармоӣ болои мардум рафтаанд… аммо бо афроде, ки аз нигоҳи идеологӣ роҳ пеш мегиранд бояд чӣ гуфт, ба андешаи Шумо ҳамаи онҳоро мағзшӯӣ кардаанд? Ман фикр намекунам.
Майл ба пайдо кардани адолат дар ҷаҳони инсон, ки барои мусулмонони воқеӣ баъди бино ёфтани хилофат таъсис мешавад як чизи метафизикӣ аст. Гӯё хутуташ қаблан аз сӯи Пайёмбар таъин шуда бошанд.

Путин мушаххас кард, ки кӣ дар моварои ИДМ бо терроризм мубориза барад

Мардум ҳар қадар ноадолатии бештар аз сӯи давлат дар кишваҳои нодори мусулмоннишин таҷруба кунанд ҳамон қадар онҳо аз таҳсил ва сохтори иҷтимоӣ дур мемонанд. Таблиғи эътирозҳои ифротӣ бештар муваффақ мешаванд.

Ислом таърихан нисбатан дини ҷавон аст, ки аз оғоз ба мудаии нуфузи сиёсӣ буд. Ман комилан қабул дорам, ки алоқаи шадиди он ҷавононеро, ки зери таъсири раҳбарони бевиҷдон мемонанд, мафтун мекунад.

Cулхия Ахмедова, журналистка www.dialog.tj:

- Дар шимоли Афғонистон вазъ шиддат меёбад ва шумори ҷангиён ҳам дар марзи Афғонистону Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ҳадафи навбатии ҷангиёни Толибон Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ба назари Шумо ин амалишавии ин сенария то куҷо имконпазир аст?

— Агар толибони пашту, қавмият асосии ташкилкунандаи давлат дар Афғонистонро фарз кунем, пас ҷоҳталабии онҳо борҳо барои нишон додани ҷунбиши Толибон дар хориҷ аз кишвар ҳамчун сохтори низомию сиёсии миллигаро намоиш дода шудааст.

Аз ҷониби дигар, ҷунбиши Толибон солҳои ахир саффи ҷангиёни худро аз ҳисоби зодагони Осиёми Марказӣ ба таври назаррас афзоиш додааст, ки эҳтимол дорад, назди онҳо вазифаи гузаштан ба он тарафи дарё гузошта шавад.

Ҷангиёни Толибон дар роҳ ба сӯи Бағлон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пешвои нави «Толибон» дар бораи “идомаи ҷиҳод” иброз дошт

Аммо дар ҳар сурат, ба назари ман он таҷовузи фарогири берунӣ нахоҳад буд. Танҳо ба мисли баъзе аз муқовиматҳои мусаллаҳонаи "интиқозӣ" хоҳад буд, ки солҳо ин ҷониб миёни сокинони Исроил ва Фаластин идома дорад.

"Тоҷикистон ба АвруОсиё замоне шомил хоҳад шуд, ки тавони не гуфтан ба пешниҳоди Маскавро нахоҳад дошт"

Андрей Захватов, муфассири сиёсии Русия:

- Зоҳиран, Тоҷикистон айни замон ягона нерӯи иштирокчии АвруОсиё ба шумор меравад ва интизор меравад, дар рӯзҳои наздик омӯзиши дурнамои ворид шудан ба ин иттиҳод ба наҷом бирасад ё шояд алакай расида бошад. Қарори ниҳоии раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора чӣ хоҳад буд?

- Тоҷикистон ба АвруОсиё замоне шомил хоҳад шуд, ки Маскав пешниҳодеро ироа мекунад ва тавони не гуфтани онро надорад.

Лентаи хабарҳо
0