Сергей Гриняев: ИДМ ҷойро барои АвруОсиё дар оянда холӣ мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкҶаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои ИДМ. 16 октябр 2015
Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои ИДМ. 16 октябр 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пешорӯи ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 16 октябр дар Қазоқистон оғоз шуд, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва пешгӯиҳои Русия Сергей Гриняев дар суҳбат бо Sputnik гуфт, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамчун созмон имрӯз ба гузашта мепайвандад ва ҷойро барои созмонҳои нав холӣ хоҳад кард.

Ин тарҳ ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар рӯзҳои аввали пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ кашида шуда, ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз парокандашавии ҷамоҳири пешини шӯравӣ буд.

Он замон иҷоза дода намешуд, ки ин кишварҳо ба як давлати ноком табдил ёфта, бо шиддат гирифтори рақобатҳои дохилӣ ва мунҷар ба муноқишаҳои ҳарбӣ шаванд.

Дар ҳоли ҳозир ин тарҳ ба назари Гриняев вазифаи худро иҷро кардааст.

Путин мушаххас кард, ки кӣ дар моварои ИДМ бо терроризм мубориза барад

"Мушкили тарҳи ИДМ дар он аст, ки он барои кӯмак ба якдигар ё ҳамдигарфаҳмӣ таъсис дода нашуда буд, балки танҳо барои дарёфти кӯмак аз ҷониби Русия ташкил гардид. Яъне, он замон Русия бори дастгирии ин кишварҳои пасошӯравиро бар уҳда гирифта буд ва барои онҳо бо додани қарзҳои имтиёзнок ба мушкили дохилиашон расидагӣ мекард", — изҳор дошт, Гриняев.

Ба гуфтаи Гриняев, имрӯз ин кишварҳо рушд кардаанд ва ҳар кадоме бо роҳи худ пеш меравад ва барои Русия ҳам дигар лозим нест, ки онҳоро "кашола" кунад.

Ҳамсуҳбати мо мутмаин аст, ки оянда на аз ИДМ, балки аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад буд. Зеро ин созмон дар асоси шароити барои ҳама ҷонибҳо судманд таъсис меёбад.

"Дар ин созмон касе касеро маҷбур намекунад ва касе ҳам аз касе кӯмак ва ёрии беасос интизор намебошад. Асоси Иттиҳоди АвруОсиё пеш аз ҳама манфиатҳои иқтисодии дарозмуддат барои кишварҳо аст", — мегӯяд, ӯ.

ВАО: ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шудани ҶТ ногузир аст

Албатта, ба назари ҳамсуҳбати мо, Русия дар ин созмон ҳам ҳамчун локомотиви пешбари ин тарҳ аз баъзе аз кишварҳои узв ҳимоят хоҳад кард. Вале вазъ дар инҷо нисбат ба ИДМ каме дигар аст. Дар Иттиҳоди АвруОсиё ба кишварҳои ҳамкориҳои нави имконпазири иқтисодӣ иҷоза дода мешавад.

"Хатари терроризми исломӣ кишварҳои ИДМ-ро ба ҳам наздик мекунад"

Ҳоло фарзияҳое вуҷуд доранд, ки гӯиё иштироки Русия дар мубориза бо терроризм дар Сурия ба амнияти кишварҳои ИДМ таъсир хоҳад расонд.

Гирянев ёдовар шуд, ки таърихин навин аллакай бо ин гуна масоил ошно аст. Барои мисол низоъи Осетияи ҷанубӣ. Ҳеч як кишвари ИДМ дар пайравӣ аз Русия мустақилияти Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро эътироф накарданд.

Масъалаи амалиёти неруҳои ҳавоии Русия дар Сурия ҳам ҳамин гуна хоҳад буд. Ҳимояти сареҳи иқдомҳои Русияро набояд интизор шуд.

Вале ба таври фундаменталӣ терроризми исломӣ на танҳо ба Русия, балки ба аксар кишварҳои ИДМ, бахусус онҳое, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгиранд, таъсир хоҳад расонд.

Худи амалиётҳои Русия дар Сурия элитаи миллӣ аз кишварҳои муштаракулманофеъро ба ҷониби Кремл дар ин бора наздик мекунад.

Ба назари коршинос, ин чиз на дар асоси ИДМ, балки дар доираи СПАД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сурат хоҳад гирифт.

Лентаи хабарҳо
0