ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Пешвои нави ҷунбиши "Толибон" Ахтар Муҳаммад Мансур дар нахустин изҳороташ аз идомаи ҷиҳод хабар дод, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии RT.
Мансур аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки "алайҳи душманон муттаҳид шаванд". Ӯ ваъда дод, ки то замони барқарории режими исломӣ ҷиҳодро идома хоҳанд дод.
"Вақте мо дар бораи тасмимоти мухталиф мешунавем, ба ҳайрат меафтем. Масалан, дар бораи мусолиҳа ва раванди сулҳ…. Ин ҳама тарғиботи душманон аст, мо ҷиҳодро идома медиҳем",- менависад NEWSru.com бо такя ба суханони роҳбари ҷадиди "Толибон".
Мансур пас аз таъиди марги Мулло Умар ба симмати роҳбари навии ҷунбиши террористии "Толибон" дар охири моҳи июл таъин гардид.
То ин вақт Ахтар Муҳаммад Мансур ба ҳайси муовини ҳаракат ва то қабл аз он дар қаламрави таҳти тасарруфи толибон бахши ҳавонавардии созмонро сарварӣ мекард.