Департаменти давлатӣ: интихоботи Қирғизистон демократӣ буд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкБинои "Кохи сафед" дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ
Бинои Кохи сафед дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи ИМА қайд кард, ки нозирони интихобот аз махфиёна сурат гирифтани ҳисоби раъйдиҳандагон ва рӯйхати онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Департаменти давлатии Амрико дар пайи нашри як баёния эълом дошт, ки интихоботи парлумонии баргузоршудаи рӯзи якшанбе дар ҷумҳурии Қирғизистон қадами муҳим ба сӯи демократия арзёбӣ мегардад.

Интихоботи парлумони Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
САҲА: интихоботи Қирғизистон рақобатпазир буд

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми Қирғизистонро бо табиқи ҳуқуқашон ва ширкат дар интихоботи парлумонӣ табрик мекунад. Раисҷумҳури ҶҚ Алмосбек Атамбоев, комиссияи марказии раъйдиҳӣ ва мақомоти ҳокимияти давлативу ҷомеъаи шаҳрвандӣ барои баргузории ин интихобот мусоидат карданд ва ин қадаме устувор ба сӯи ҷомеъаи мардумсолорӣ арзёбӣ мешавад",- омадааст дар баёния.

Дар ҳамин ҳол, ВУХ Амрико қайд мекунад, ки нозирони интихобот аз махфиёна сурат гирифтани ҳисоби раъйдиҳандагон ва рӯйхати онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи якшанбе гузашта сурат пазируфт. Барои соҳиб шудан ба 120 курсии вакилӣ намояндагони 14 аҳзоб вориди сабқат шуданд.  Барои ворид шудан ба ҳайати нави парлумони ин кишвар, ҳар ҳизб бояд ҳадди ақал 7%-и раъйро соҳиб шуда, ҳамзамон таъйиди 0,7%-и раъйдиҳандагон дар ҳар минтақаро ба даст орад.

Қаблан нозирони САҲА интихоботро интихоботи зинда ва рақобатпазир эълом карда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0