САҲА: интихоботи Қирғизистон рақобатпазир буд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкИнтихоботи парлумони Қирғизистон
Интихоботи парлумони Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар натоиҷи расмии интихоботи парлумонии 4 октябри Қирғизистон аз натиҷаҳои эълоншудаи аввалия зиёд фарқ накунад, пас дар парлумони ояндаи ин кишвар намояндаҳои шаш ҳизб – “Қирғизистон”, “Ҷумҳурӣ-Ота-Журт”, "Онуғуу - Прогресс", "Бир Бол", "Ота Макон" ва Ҳизби сотсиал-демократӣ курсӣ хоҳанд дошт.

Душанбе, 5 окт — Sputnik. Интихоботи парлумонии 4 октябри Қирғизистон рақобатпазир буд ва раъйдиҳандагон интихоби зиёд доштанд, — омадааст, дар изҳороти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо(САҲА).

"Ин як интихоботи зинда ва рақобатпазир буд, ки дар минтақа ҳамто надорад ва дирӯз, 4 октябр ҳам то соати 8 бегоҳ касе наметавонист, ҳайати парлумони навро пешгӯӣ кунад", гуфт, ҳамоҳангсози вижаи САҲА  ва раҳбари ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Қирғизистон Игнасио Санчес Амор.

КМИ Қирғизистон: беш аз 1,5 миллион нафар раъй доданд

Интихоботи парлумонии навбатии Қирғизистон 4 октябри соли равон баргузор шуд. Тибқи ҳисоби пешакӣ то соати 11-и рӯзи 5 октябр, ширкати интихобкунандагон дар интихоботи Жогорку Кенеш 1 миллиону 557 ҳазору 442 нафар (59,7% аз ҳисоби умумии интихобкунандагон)-ро ташкил додааст.

Бар асоси натоиҷи аввалияи эълоннамудаи Кумисиюни марказии интихоботи Қирғизистон, ҳадди ақал 20%-и вакилони парлумони вақти ин кишвар ба ҳайати парлумони нав роҳ нахоҳанд ёфт.

Агар натоиҷи расмии интихоботи парлумонии 4 октябри Қирғизистон аз натиҷаҳои эълоншудаи аввалия зиёд фарқ накунад, пас дар парлумони ояндаи ин кишвар намояндаҳои шаш ҳизб — "Қирғизистон", "Ҷумҳурӣ-Ота-Журт",  "Онуғуу — Прогресс", "Бир Бол", "Ота Макон" ва Ҳизби сотсиал-демократӣ курсӣ хоҳанд дошт.

Дар ин интихоботи Қирғизистон намояндагони 14 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсӣ дар парлумон вориди рақобат шуданд. Барои ворид шудан ба ҳайати нави парлумони ин кишвар, ҳар ҳизб бояд ҳадди ақал 7%-и раъйро соҳиб шуда, ҳамзамон таъйиди 0,7%-и раъйдиҳандагон дар ҳар минтақаро ба даст орад.

Қаблан нозирони ИДМ ҳам гуфтанд, ки интихоботи парлумонии ахири Қирғизистон ба талаботи қонунгузории ин кишвару меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Лентаи хабарҳо
0