Дар арафаи Иди қурбон масҷиди Марказии Маскав дарҳояшро боз мекунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМанорае Масҷиди марказии Маскав. Акс аз бойгонӣ
Манорае Масҷиди марказии Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими ифтитоҳи масҷиди шаҳри Маскав, ки дар Аврупо ҳамто надорад,раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва сафирони кишварҳои Аврупову руҳониёни Русия иштирок хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав баъд аз бозсозӣ дар арафаи Иди қурбон, яке аз ду иди бузурги мусулмонон дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз мекунад.

Семинари имом-хатиби масҷиди Маскав дар Душанбе

Дар маросими ифтитоҳи ин масҷид раиси Шӯрои муфтиёти Русия (ШМР) Равил Ғайнуддин иштирок хоҳад кард.

"Дар маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи Маскав тақрибан намояндагони тамоми кишварҳои мусулмоннишин иштирок хоҳанд кард", — мегӯяд дафтари матбуоти ШМР.

Масъалаи иштироки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ин маросим дар ҳоли баррасӣ мебошад, мегӯяд сухангӯи раисҷумҳур Дмитрий Песков.

Интизор меравад, дар маросими ифтитоҳи масҷиди шаҳри Маскав, ки дар Аврупо ҳамто надорад,раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва сафирони кишварҳои Аврупову руҳониёни Русия иштирок хоҳанд кард.

Пули сохтмони масҷиди бузургтарини Тоҷикистонро дуздиданд

Дар ҳамин ҳол масъулини дафтари матбуоти Шӯрои муфтиёти Русия аз додани ҷузъиёти бештар дар мавриди иштироки намояндагони хориҷӣ дар ин маросим худдорӣ карда, гуфтанд, то лаҳзаи охирин онҳо мунтазири ҷавоб ба даъватномаҳои худ мебошанд.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои муфтиёти Русия, маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав ба ҷаҳониён муттаҳидии мардуми ин кишвару раҳбарияти онро намоиш дода, боиси боз ҳам устувортар шудани мавқеи Русия дар ҷаҳони Ислом хоҳад шуд.

"Қайд кардан ба маврид аст, ки маросими ифтитоҳи ин масҷид ба 70-уми солгарди Рӯзи ғалаба рост омадааст. Мусулмонони собиқ ҷамоҳири шӯравӣ ва Русия ҳамеша зери як парчам буданду хоҳанд монд ва барои ҳифзи марзу буми ватани худ, ки ҷузъе аз имон аст, талош хоҳанд кард. Аз ин ҷост, ки дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ мардуми тотору башқир, узбаку тоҷик ва намояндагони зиёди дигар мардуми мусулмон махсус аз ҳамин ҷо барои ҳифзи ватани хеш сафарбар шуда буданд", — изҳор дошт ӯ.

Намоз дар масҷид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: масҷидҳо ба муҳоҷирон хадамоти аслӣ ироъа мекунанд

Саҳни Масҷиди ҷомеи Маскав дар пайи ин бозсозӣ то 20 маротиба калонтар карда шудааст. Ҳоло масоҳати умумии ин масҷид наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар як вақт 10 ҳазор нафар метавонанд, намоз гузоранд. Бинои 6-ошёнаи ин масҷид бо 7 лифту роҳравҳои васеъ таъмин аст. Дар толорҳои гирду атроф мониторҳое овехта шудааст, ки ҳолати толори марказиро намоиш медиҳанд. Бузургтарин гунбади он 46 метр баландӣ ва 27 метр паҳноӣ дорад.

Ба қавли масъулини Шӯрои муфтиёти Русия ин масҷид бузургтарин масҷид дар Аврупо хоҳад буд. Он дар баробари доштани толорҳои адои намоз инчунин китобхона, толор барои гузаронидани конфронс, осорхона, намоишгоҳ, дафтари матбуотӣ, меҳмонсаро ҳам дорад. Инчунин қарор аст, дар он Донишкадаи исломию мадраса ва маркази фарҳангӣ ҳам боз шавад.

Лентаи хабарҳо
0