ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик дар фазои динии Русия тағйири шакл карда, ниҳодҳои исломиро низ водор ба ислоҳот мекунанд. Хабаргузории "Tojnews" менависад, ки чунин хулоса дар пайи анҷоми пажӯҳиши ҷомеъашиносони тоҷик ба даст омадааст.
Пажӯҳишгарони тоҷик дар мавзӯъи "Ислом ва муҳоҷирати корӣ" таҳқиқоте анҷом дода талош кардаанд дар бораи нақши дин дар зиндагии муҳоҷирон иттилоъ ба даст оваранд. Муовини мудири маркази таҳқиқотии "Шарқ" дар Душанбе Саодат Олимова дар бораи натоиҷи муқаддамотии ин пажӯҳиш гузориш дод.
Ба гуфтаи вай, дар фазои муҳоҷирон ҳамзамон ду раванд сурат мегиранд. Аз як сӯ теъдоди мусалмонон ва фаъолони мазҳабӣ афзоиш меёбад. Барои бархе дигар аз ин афрод — ислом чандон рукни муҳим намешавад. Чунин афрод мусалмонони фаъол намешаванду шакли мардумии зиндагиро мепазиранд. Ин нуктаи аслиест, ки ба он пажӯҳишгарон даст ёфтаанд.
Олимова зикр кард, ки дар фазои муҳоҷирати Русия раванди дасткашӣ аз шаклҳои минтақавии ислом сурат мегирад. Онҳо водор мешаванд, ки дубора ба ин муҳит созгор шаванд, зеро теъдоди аслии муҳоҷирони кории тоҷик зодагони манотиқи рустоӣ ва ё шаҳракҳо мебошанд. Таъассуроти мазҳабии ин афрод дар масоҷид шакл гирифтааст, ки дар он манотиқ ҳама бо якдигар ошноии хуб доранд.
Аммо дар шаҳрҳо эътиқод шакли хусусӣ пайдо карда, равандҳои минтақавӣ дар гузашта боқӣ мондаанд.
"Эътиқод ба муҳоҷирон оромиш ва умед мебахшад. Ба ин далел куллияи онҳо аз мазҳаб пуштибонӣ мекунанд. Ҳатто афроди бидуни эътиқод аз шахсони мӯътабари мазҳабӣ машварат мепурсанд. Теъдоди чунин афрод 2,6 дарсад будааст", — гуфт Олимова.
Аҳамияти ниҳодҳо ва шабакаҳои мазҳабӣ дар фазои муҳоҷиратӣ бар пояи эътимод ва эҳтиром бунёд ёфтааст
Ба гуфтаи Олимова, феълан масоҷид ва ҷамоатҳо ба муҳоҷирон хадамоти аслӣ ироъа мекунанд. Ин таъмини ҷойи кор, кӯмак дар сабти ном, ҷустуҷӯйи манзил ва ҳимоят мебошанд.
"Ман боз изофа мекардам, ки мазҳаб муҳоҷиронро аз шавҳат дар шаҳрҳои бузург наҷот медиҳад, зеро дар он ҷо чунин шароит зиёд аст", — таъкид кард вай.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай, дар масоҷид ҳуввияти шахсӣ шакл мегирад, ки барои созгор шудан бо ҷомеъаи Русия мусоидат мекунад. Ниҳодҳои мазҳабӣ дар сурати зарурӣ ба муҳоҷирон кӯмаки моддӣ низ мекунанд. Ба унвони мисол, агар нафаре дар сохтмон даргузард, бештаре аз масоил — ҷамъоварии маблағи пардохти ҳаққи сардхона, таксӣ ва ё маросими кӯчаки сӯгворӣ дар ин масоҷид сурат мегирад.