Пули сохтмони масҷиди бузургтарини Тоҷикистонро дуздиданд

© Sputnik / Амир ИсаевСохтмони масҷиди бузургтарин дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони масҷиди бузургтарин дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоиста Ғуломризоӣ, шаҳрванди Эрон ва раиси ширкати “СОБ”-ро, ки сохтмони манораҳои масҷиди бузургтарини Тоҷикистон ба ӯҳдааш буд, таҳти пайгард қарор додааст.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як соҳибкори эрониро, ки аз пардохти маоши семоҳаи 20 кормандаш саркашӣ ва аз қаламрави кишвар фирор кардааст, дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ эълон кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Масҷид - Sputnik Тоҷикистон
Панҷоҳ масҷиди “ғайрирасмӣ” ба маркази фарҳангӣ табдил мешавад

Соҳибкори эронӣ Шоиста Ғуломризоӣ роҳбари ширкати сохтмонии "СОБ" масъулияти сохтмони манораҳои масҷиди калонтарини Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Масъулони вазорат бар пояи шикояти сохтмончиҳо алайҳи Ғуломризоӣ тибқи банди 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ — "қаллобии махсусан калон" парванда боз кардаанд. Агар Ғуломризоӣ боздошт ва мурофиа шавад, бо ин банди қонуни Тоҷикистон ба ӯ аз 8 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Абдураҳим Бӯриев, собиқ муҳандиси техникаи бехатарии ширкати "СОБ", дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, ширкати мазкур тӯли ҳашт моҳ маоши ӯро, ки 8 ҳазор сомонӣ будааст, пардохт накардааст. Ҳамроҳ бо Бӯриев 20 корманди манорасози дигар маош нагирифтаанд.

Коргарони ширкати "СОБ" иддао доранд, онҳо дар ҳоле аз Шоиста Ғуломризоӣ ба пулис шикоят бурданд, ки ӯ ҳанӯз дар Тоҷикистон буд. Вале парвандаи ҷиноӣ вақте боз шудааст, ки вай аз кишвар фирор кард. Ҳоло мақомоти пулис ӯро аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунанд.

"Озодӣ" аз қавли пулис менависад, оқои Ғуломризо на танҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз ширкатҳои коршарик низ қарздор будааст. Дар маҷмуъ, қарзи ширкати кормандон ва коршарикон беш аз 2 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Ғуломризоӣ дар ҳоле фирор кардааст, ки ташхиси муҳандисӣ 17 санитметр каҷ будани яке аз манораҳои масҷидро нишон додааст. Ба эҳтимоли зиёд каҷии манораи сохтаи ширкати Шоиста Ғуломризоӣ боиси фирори ӯ аз кишвар шудааст.

Сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказиро, ки бо сармоягузории Қатар дар Душанбе бунёд мешавад, ширкати тоҷикистонии "СТС Иншоот" бар ӯҳда дорад. Бунёди ҷаҳор манор ва гумбазро, ки ҳар кадоме 75 метр баландӣ хоҳанд дошт, ширкати "СОБ" ба уҳда гирифта буд. Аммо баъд аз фирори Шоиста Ғуломризоӣ роҳбарии ширкати "СОБ" сохтмони манораҳоро низ ба ихтиёри ширкати "СТС Иншоот" гузоштааст.

Ин масҷид аз чандин бинои пайваста иборат буда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 то 115 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Сармоягузори аслии ин тарҳ падарамири Қатар Ҳамад ибни Халифа аст, ки танҳо барои сохтмони аввалияи бино 70 миллион доллар ҷудо кард ва Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид сӣ миллион доллар медиҳад. Хароҷоти комил, бо назардошти ороиши дохили бино ҳанӯз муайян нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ин сармояро Тоҷикистон ва ё Қатар пардохт хоҳанд кард.

Тагсанг ё хишти аввали сохтмони ин масҷидро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтан боздид карда буд. Он вақт дафтари раёсатҷумҳурӣ гуфта буд, сохтмони ин бино дар 3,5 то 4 соли оянда анҷом хоҳад ёфт, аммо бо гузашти қариб 5 сол сохтмони масҷид ҳанӯз анҷом нашудааст.

Масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аз 4 манораи баландиаш 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори барои нишасту ҷаласа иборат хоҳад буд. Дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0