Семинари имом-хатиби масҷиди Маскав дар Душанбе

© wikipedia.orgШамил Алоуддинов. Акс аз бойгонӣ
Шамил Алоуддинов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шамил Алоуддинов, руҳонии шинохтаи Русия ва имом-хатиби яке аз масҷидҳои Маскав дар доираи як сафари корӣ ба Душанбе меояд.

ДУШАНБЕ, 21 сентября — Sputnik. Қарор аст, 20 октябри соли равон ӯ дар меҳмонхонаи "Hyatt regency Dushanbe" дар мавзӯи "Беҳтар шав" семинаре баргузор намояд, хабар медиҳад сомонаи Itrillioner.com

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ гуфтаанд, семинар чоруним соат идома намуда, се самти муҳими ҳаёти инсон — шахсӣ, оила ва молиявиро дар бар мегирад.

"Арзиши чипта аз 200 то 700 сомонӣ аст ва аллакай 60 дарсади он фурухта шудааст" — афзудаанд ташаббускорони ин чорабинӣ.

Шамил Алоуддинов яке аз чеҳраҳои шинохтаи диннии Русия буда, муалифи даҳҳо китоб, аз ҷумла "Роҳ ба имон ва комил шудан", "Ҷавоб ба саволҳои шумо дар бораи Ислом", "Аз мавзӯъ ба мавзӯъ", "Воқеият", "Андешаҳои гуногун… Чаро?" ва раҳбари лоиҳаи маъруфи RuNet дар сомонаи www.umma.ru мебошад. 

Лентаи хабарҳо
0