ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ояндаи наздик нақши СПАД боло ва болотар хоҳад рафт, табиист, ки аз ин рӯ ба кӯмаки он кишварҳое амсоли Туркманистону Ӯзбакистон, балки дигарон низ ниёз пайдо мекунанд, иброз дошт директори Институти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва узви Шӯро оид ба сиёсати дифоию хориҷӣ Константин Затулин.
Дар шаҳри Душанбе ҳоло ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД ҷараён дорад. Роҳбарони кишварҳои аъзо дар бораи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карда, рушди минбаъдаи бахши низомии созмонро баррасӣ мекунанд. СПАД барои чи муҳим асту чаро зарурати фаъолияти он дар Осиёи Марказӣ пеш омадааст, саволҳое буданд, ки хабарнигори Sputnik бо коршинос дар миён гузошт.
Ҷаласа аснои амалиёти вижаи мақомот
Ҳамсуҳбати мо ба он ишора кард, ки ҷаласаи мазкур ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз даргириҳои 4 сентябр баргузор мешавад, ки дар пайи он муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ба куҳҳо паноҳ бурдаву дар ҷумҳурӣ амалиёти боздошт ва безараргардонии дастаи ӯ шуруъ гардидааст.
"Ин ки бо вуҷуди ин ҳаводис дар пойтахти Тоҷикистон чунин як чорабинии бузург баргузор мешавад, бозгӯи он аст, ки аъзои СПАД ҳаросе барои рафтан ба минтақаи доғ надоранду Тоҷикистон ҳам вазъи кунунии худро ором медонад",- гуфт Затулин.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна иттилои расмие дар мавриди тавсеаи ин созмон вуҷуд надорад, вале рӯз аз рӯз зарурати он бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар хоҳад шуд.
"Барои он ки дар ин минтақа густариши фаъолияти созмони террористии "Давлати исломӣ" аз эҳтимол дур нест ва аз ҳама кишварҳои осебпазир низ Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон мебошанд. Пас СПАД, ки як созмони низомӣ барои муборизаи бо ҳам алайҳи таҳдидҳои низомии террористӣ роҳандозӣ шудааст, бисёр зарур мебошад",- мегӯяд коршинос.
Таҳдидҳои нав боиси нигаронианд
Затулин қайд кард, ки агар дар солҳои 90-ум дар робита ба ҳар сохтори байнидавлатии Ӯзбакистон шакку тардиде пеш меомад, дар доираи СПАД кор гирифта мешуд, чун он вақт гап дар бораи гуруҳи террористии "Толибон" мерафт. Он замон на танҳо дар Ӯзбакистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи он ҳам ба кӯмаки Русия, ё созмонҳои марбут ба он зарурате пеш омада буд. Аз ин рӯ, ин кишварҳо ҳоло атрофи СПАД ҷамъ шудаанд.
"Ба назари ман, дар оянда низ зарурати фаъолияти СПАД бештар хоҳад шуд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки минбаъд ба кӯмаки ин созмон на танҳо Ӯзбакистон, ки шомилу хориҷ мешавад, ниёз пайдо кунад, балки Туркманистон ҳам, ки ҳеч гоҳ узвияти ин созмонро надошт, ба он мепайвандад",- афзуд Затулин.
Иртибот бо СҲШ
Ба назари ҳамсуҳбати мо, дар оянда эҳтимол дорад, иртиботе миёни СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба вуҷуд ояд. Зеро дар ҳар ду созмон ҳам Русия нақши калидӣ дораду тақрибан кишварҳои узви ҳар ду якеанд.
Ба гуфти Затулин, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай боиси рушди СПАД ҳамчун воситаи таъмини амнияту субот, ки ба тавсеаи иқтисоди ин минтақа бисёр муҳим аст, хоҳад шуд.
Созишнома дар мавриди амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯи раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Русия имзо шудааст. Баъд аз як сол кишварҳои Озарбойҷону Беларус ва Гурҷистон ҳам шомили ин ташкилот шуданд. Вале баъдан Ӯзбакистон ва Гурҷистону Озарбойҷон дубора аз ин созмон берун рафтанд.