ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки қарор аст фардо, 15 сентябр дар Душанбе баргузор гардад, баррасии беш аз 10 масъала ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад сухангӯи СПАД Владимир Зайнетдинов.
"Роҳбари давраиӣ Шӯрои амнияти СПАД дар соли 2014-2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ марҳилаи татбиқи тарҳҳоро дар Тоҷикистон хулоса карда, дар назди ҳозирин суханронӣ хоҳад кард. Ҷаласаи Шӯрои амният бо ҳузури маҳдуд ва дар шакли ҷаласаи умумӣ сурат мепазирад",- иброз дошт ӯ.
Шӯрои муштараки амниятии СПАД дар ҷаласаи навбатиаш беш аз 10 масъала, аз ҷумла ҷамъбасти санҷиши ногаҳонии омодагии низомии Неруҳои вокуниши сареъ (КСОР) ва дигар мавзӯъҳоро ба баррасӣ мегирад.
Хатарҳои сиёсиву низомӣ, бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ мавзӯи меҳварии нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хоҳад буд.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ- ташкилоти низомиву сиёсӣ буда, бар асоси Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомил мебошанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 бо узвияти ҳамин ҷумҳуриҳо ва инчунин се ҷумҳурии дигар — -Ӯзбакистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ташкил шудааст. Вале бо анҷоми мӯҳлати амали ин паймон ва таҳрири номи он ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Тошканду Бокуву Тифлис нахостанд ҳузури худро дар ҳайати ин созмон тамдид кунанд.