Антонов: бо кӯмак ба Тоҷикистон мо кишварҳои СПАД-ро ҳимоят мекунем

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМуъовини вазири дифоъи ФР. Акс аз бойгонӣ
Муъовини вазири дифоъи ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муъовини вазири дифоъи Русия кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистонро навъи ҳимояи куллияи кишварҳои узви СПАД унвон кард.

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Кӯмакҳои низомии Русия ба Тоҷикистон ба манзури ҳимояи куллияи кишварҳои узви СПАД аст, изҳор дошт муъовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов дар сафҳаи расмии худ дар Twitter.

"Дар марзи Тоҷикистон аллакай гурӯҳчаҳои ДИ пайдо шудаанд. Бо кӯмак ба Тоҷикистон мо Русия, кишварҳои СПАД ва шарикони худро ҳифз мекунем", - навиштааст Антонов.

Ба гуфтаи вай, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҳалли авваллия мебошад ва омода аст, ки "ин кишвар ва СПАД-ро аз хатароти эҳтимолии террористӣ ҳифз кунад".

Феълан Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СПАД мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0