Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд

© Sputnik / РатушенкоТамриноти низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷаммӯъи ҷангҷӯёни “Толибон” ва “ДИ” дар маҳаллоти ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба вазъи кишвари мо ва дар маҷмӯъ ба вазъи Осиёи Марказӣ асароти номатлуб мегузорад, изҳор дошт раҳбари Маркази пажӯҳишҳои стратегии Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Нерӯҳои СПАД ва эҳтиётиёни навоҳии ҷанубии Тоҷикистон аз хатароти "Толибон" ва "Давлати исломӣ", агар ин таҳдидот аз Афғонистони ҳамсоя ба қаламрави кишвари мо мунтақил шаванд, ҷилавгирӣ хоҳанд кард, менависад Авеста бо истинод ба сарвари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) Худойбердӣ Холиқназар.

Зимни ишора ба мавзӯъи амнияти марзҳои Тоҷикистон раҳбари марказ имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки толибон бархе аз манотиқи аҳолинишин дар шимоли Афғонистонро забт карданд, ки ба вазъи кишвари мо ва дар маҷмӯъ ба вазъи Осиёи Марказӣ асароти номатлуб мегузорад.

"Мо ҳанӯз дар авоили соли 2014 ҳушдор дода будем, ки нерӯҳо дар манотиқи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон таҷаммӯъ мекунанд ва ин амр ба вазъи амнияти марз ва дар маҷмӯъ ба вазъи Осиёи Марказӣ асароти номатлуб мегузорад. Ҳамакнун ин пешбиниҳои мо таъйид шуданд. Агар дар авоили соли 2014 теъдоди ин ҷангҷӯён дар он минтақа ҳудуди 800 нафар арзёбӣ шуда бошад, ҳоло онҳо беш аз 8 ҳазор нафар ҳастанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Худойбердӣ Холиқназар.

Владимир Путин: танҳо бо зарбаҳои ҳавоӣ мушкили “ДИ” рафъ намешавад

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун ба гурӯҳи "Толибон" дар қаламрави Афғонистон хатароти марбут ба ҷангҷӯёни ДИ изофа шудааст, ки ба иддаъои раҳбари МТС барои таъсиси бахши худ дар қаламрави ин кишвар $700 млн. ихтисос додааст.

Вай ҳамчунон аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки ин ду гурӯҳҳои террористӣ алайҳи ҳамдигар ҷанги муқаддас эълом кардаанд ва ин нукта танҳо мояи хушҳолӣ аз ин ҳаводис мебошад.

Аммо, таъкид кард Худойбердӣ Холиқназар, агар Тоҷикистон водор шавад, ки бо ин нерӯҳои террористӣ муқобала кунад, пас ҷумҳурӣ ба нерӯҳои СПАД ва эҳтиётиёни манотиқи ҷануби кишвар, ки теъдодашон 30 ҳазор нафар асту ахиран тамринот баргузор карданд, умед мебандад.

Дар робита ба хабари расонаҳои русӣ марбут ба пешниҳоди вакилони коммунисти Думаи давлатӣ барои лағви муқаррароти бидуни визо бо кишварҳои ОМ ба далели хатароти ҷангҷӯён, аз ҷумла "Давлати исломӣ", раҳбари МПС ба навиштаи Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳандозии чунин

муқаррарот ғайримумкин аст.

"Ҳарчанд ин пешниҳод ба далели ин нукта, ки ҷангҷӯён террористон ва таблиғгаронро дар қаламрави кишварҳои ОМ метавонанд нахуст таҳия карда ва сипас ба Русия ба унвони муҳоҷирони корӣ бифирситанд, набояд фаромӯш кард, ки 80% ҷавонони тоҷики ба суфуфи созмонҳои террористӣ пайвастаи тоҷик умдатан дар қаламрави Русия аз сӯйи атбоъи Қафқоз ҷалб шудаанд", — иқтибос овардааст радио аз суханони Худойбердӣ Холиқназар.

Ба ин далел, ба гуфтаи вай, Русия ва Тоҷикистон ҳамчун ду кишвари дӯсти стратегӣ набояд барои ҳалли ин мушкил низоми омаду рафти бидуни визоро лағв кунанд.

Лентаи хабарҳо
0