Боздошти ду нафар дар Бадахшон бо гумони қочоқи ҳашиш

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкБастаҳои ҳашиш. Акс аз бойгонӣ
Бастаҳои ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ду сокини Бадахшон, ки аз онҳо ном бурда намешавад, дар маҷмуъ, 14 кг маводи нашъаовари ҳашиш мусодира шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Бадахшон аз ду ҳодисаи қочоқи маводи нашъаовар пешгирӣ кардааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи беш аз 191 кг мухаддирот дар Душанбеву Хатлон

Амалиёти якум дар деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расида,  кормандони оҷонсӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуданд.

"Аз вай як борхалта мусодира гардид, ки дар дохили он 4 баста бо маводи ҷигариранги дорои бӯи махсус мавҷуд буд", — омадааст дар сомона.

Таҳқиқ ифшо кардааст, ки ин бастаҳо ҳашиш буда, вазни онҳо зиёда аз 2 килограмм аст.

Амалилиёти дуюмро кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ анҷом додаанд. Дар ҳудуди деҳаи Ёмчии ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши қочоқи маводи нашъаовар сокини 40-солаи вилояти Бадахшон боздошт шудааст.

"Аз вай як халта мусодира гардид, ки дар дохили он зиёда аз 12 кг ҳашиш мавҷуд буд", — хабар медиҳад сомона.

Нисбати ду нафар боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0