Кашфу мусодираи беш аз 191 кг мухаддирот дар Душанбеву Хатлон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМаводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз муъомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 192 килограмм маводди мухаддир, ки қисмати бузурги онро нашъа, ки аз мухаддироти сангин дониста мешавад, забт шудааст.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳудуди 192 килограмм маводди мухаддиро дар се шабонарӯзи ахир маъмурони Агентии назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон забт кардааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ ба иттилоъи Агентӣ, ҳудуди 192 килограмм мухаддирот, ки қисмати аслиашро — 98, 658 кг нашъа, ки аз мухаддироти сангин дониста мешавад, ташкил додааст. Ҳамчунин маъмурон ҳудуди 77 кг канабис ва беш аз 16 кг ҳашиш мусодира кардаанд.

Дар робита бар ин ҳаводис ду нафар боздошт шудаанд. Ҳамчунин барои боздошти боз ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Афғонистон, ки дар иртикоби ин ҷароим муҷрим дониста мешаванд, иқдомоте рӯйи даст гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0