ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Зеристгоҳҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ бо истифода аз маболиғи Бонки осиёии рушд бозсозӣ мешаванд ва бад ин манзур ин бонк ахиран ба Тоҷикистон ба унвони кӯмаки молии билоъиваз барои тарҳи беҳбуди интиқоли нерӯи барқ $54 миллион ихтисос додааст, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ.
Ширкати "Барқи тоҷик" барои бозсозии зеристгоҳҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ ва кашидани хутути интиқоли нерӯи барқи шиддаташ 220 кВ ба тӯли 95 километри миёни ин зеристгоҳҳо озмун эълом кард.
Дар озмун ширкатҳое метавонанд ширкат кунанд, ки дар эҳдос ва ё бозсозии зеристгоҳҳо дар 10 соли ахир таҷриба доранд.
Аз ғолиби озмун тақозо мешавад, ки таҷҳизоти барқии баландшиддат, таҷҳизоти ҳамроҳ ва танзиму дифоъиро ба кишвар ворид ва насб кунад.
Ба ҷуз аз ин ширкат муваззаф мешавад, ки тарҳи бозсозиро ва умури сохтмониро таҳия кунад, таҷҳизоти заруриро ворид ва насб кунад кормандонро бо наҳваи кори онҳо ошно сохта куллияи умурро то ба охир анҷом бидиҳад.
Кӯмаки молӣ ба маблағи $54 миллиони БОР ба Тоҷикистон дар авохири соли гузашта ихтисос шуда буд.
Ин тарҳ сарфаи талафоти нерӯи барқ тавассути ивази куллияи ноқилҳои интиқолӣ ва тавсеъаи интиқолоти нерӯи барқ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғдро ҳадаф дорад.
Дар чаҳорчӯби ин кӯмаки бебозгашти молӣ ҳудуди 1,1 ҳазор адад барқҳисобкунакҳо, таҷҳизоти табдилдиҳандаи нерӯи барқ ва ҳамчунин низоми ҳисобу китоб иваз карда мешаванд. Кашидани хутути интиқоли нерӯи барқ аз зеристгоҳи Рӯдакӣ то ба Айнӣ ҷузъе аз ин кӯмаки молии билоъиваз мебошад.