ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Маросими имзои қарордод миёни Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва вазорати молияи Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи "Тақвияти ҳисоб ва беҳбуди таъмини барқ" 27 январ дар Душанбе баргузор шуд, омадааст дар баёнияи ин вазоратхона.
Барои иҷрои ин тарҳ $67 миллион ҷудо мешавад, ки $54 миллион аз ин маблағ кӯмаки билоъивази БОР ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон — $13 миллион мебошад.
Қарордоди билоъиваз аз сӯйи вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва намояндаи БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю имзо шуда, созишномаи иҷрои ин тарҳро раиси ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Раҳматзода ва раҳбарияти намояндагии ин бонк имзо карданд.
"Ин тарҳ барои беҳбуди интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ва корхонаҳои кишвар тавассути коҳиши мизони талафот, ки аз роҳи назорат бар интиқоли нерӯи барқ ва беҳбуди зарфияти хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Панҷакент равона шудааст", — омадааст дар баёния.
Дар сурати иҷрои ин тарҳ дар тӯли 10 сол 1100 ҳисобкунакҳои барқӣ насб мешаванд, ки мизони талафоти барқро 1,5 % коҳиш медиҳад.
"Ин тарҳ ҳамчунин насби трансформаторҳо ва таҷҳизоти дигар, кашидани 95 км хати интиқоли барқ аз ноҳияи Рӯдакӣ то зеристгоҳи Айнӣ бо зарфияти 320 меговатт ва бозсозии ин зеристгоҳҳоро дар назар дорад", — гуфта мешавад дар баёния.