Муҷозоти се афсар дар минтақаи Кӯлоб. Барои бадрафторӣ

© REUTERS/Gleb GaranichПойафзоли аскарӣ. Акс аз бойгонӣ
Пойафзоли аскарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии Кӯлоб парвандаи се афсари қисмҳои низомиро бо иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон таҳқиқ ва ба додгоҳ фиристодааст.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Додситонии низомии минтақаи Кӯлоб парвандаи ҷиноии се афсари қисмҳои низомии ин минтақаро ба иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дахолати вазир ба қазияи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

Икром Зоирзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб ба "Озодӣ" гуфтааст, афсарон "меҳтарсолорӣ" ё ба истилоҳи маъмул "дедовщина"-ро дар сафи артиш роҳандозӣ кардаанд ва бояд барои ин аъмолашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Ба таъкиди ҷаноби Зоирзода, яке аз ин афсарон Рустам Ҷабборов, фармондеҳи қисми низомии 3503-и Вазорати корҳои дохилӣ аст, ки сарбоз Сафар Сайдалиевро лату кӯб ва маҷрӯҳ кардааст. Ҳодиса моҳи апрели соли 2015, замоне иттифоқ афтод, ки майор Ҷабборов ба сарбоз Сайдалиев дастур дод, ки замини назди қисми низомиро каланд занад. Сарбоз гӯё аз ин амр сарпечӣ кард ва ба хашми фармондеҳ рӯ ба рӯ шуд.

Ҳамчунин, ба таъкиди додситони низомии минтақаи Кӯлоб, як мавриди  меҳтарсолорӣ аз ҷониби Носирҷон Бойматов, афсари қисми низомии 2933-и нирӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод дар нисбати сарбози қатории Хайриддин Толибов ва мавриди дигар — аз ҷониби лейтенант Кароматулло Гурезов, аз қисми низомии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Данғара дар нисбати сарбоз Хисрав Носиров ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои прокурори низомӣ, афсарон моҳи майи соли ҷорӣ сарбозони зердасташонро ба сабаби сарпечӣ аз иҷрои фармонашон лату кӯб ва захмӣ карданд. Ин сарбозон бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Як сарбоз барои лату кӯби ҳамхидматаш ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд

Тибқи оинномаи артиш, аскар ҳақ надорад аз амри фармондеҳ сарпечӣ кунад, аммо бо ин ҳол ҳам афсар ҳақ надорад ба сари сарбоз даст бардорад. Муҷозоти аскари саркаш бояд дар чаҳорчӯби оинномаи хизмати аскарӣ сурат бигирад.

Икром Зоирзода, мегӯяд, дар мавридҳои зикршуда афсарон аз ваколатҳои хидматии худ ва оиннома берун рафта ба саломатии сарбозон осеб расондаанд. Додситонӣ алайҳи онҳо бар пояи моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ"  парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳоло ин парванда ба додгоҳ ирсол шудааст.

"Дар ҳар се ҳолат бадрафторӣ аз сӯи афсарон нисбати сарбозони қаторӣ вуҷуд дорад. Тафтиши мо собит кард, ки афсарон аз низомномаи хизмат дар артиш берун шуда ва зердастонашонро лату кӯб карда ва ба саломатии онҳо зарар расонидаанд. Ба ин далел нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуд. Таҳқиқ ҳам анҷом шуд ва мо парвандаро ба додгоҳ фиристодем", — гуфтааст Зоирзода.

Ҳамин тавр, дар сурати исбот шудани иттиҳоми ворида нисбати ин се афсар аз сӯи додгоҳ, онҳоро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон чандин афсарро барои хунукназарӣ дар робита ба меҳтарсолорӣ аз кор сабукдӯш карда сарбозонеро, ки дар латту кӯби баъзе аскарони навдаъват ва ҳатто куштани онҳо даст доштаанд, ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0