Дахолати вазир ба қазияи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

© Sputnik / Амир ИсаевШералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири дифои Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд фармондеҳони қисми низомии 04080 дар ноҳияи Конибодомро иваз кардааст. Як моҳ пеш дар ин қисми низомӣ як сарбоз бар асари лату кӯби ҳамхидматонаш ҳалок шуда буд.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо зимни сафари ахираш ба вилояти Суғд ҳамаи фармондеҳони қисми низомии 04080, мустақар дар ноҳияи марзии Конибодомро барканор ва ба ҷои онҳо афроди наверо таъин кардааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Маршировка военнослужащих. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии ҳарбӣ гуфт, Фирдавс аз зарбу лат фавтидааст

Генерал-майор Аъзам Қосимов, мушовири вазири дифоъ дар умури вилояти Суғд рӯзи 1 июл ба "Озодӣ" гуфтааст, вазири дифоъ бо ҳадафи тафтиши қисмҳои низомӣ 10 рӯз дар ин вилоят қарор дошт. Ба гуфтаи Қосимов, як ҳадафи асосии ин сафар, ки аллакай ба поён расидааст, расидагӣ ба вазъи пешомада дар қисми низомии мустақар дар Конибодом дар пайи марги сарбози қатории 22-сола Фирдавс Раҳматов буд.

Қисми низомии 04080 як моҳ пеш, дар пайи расонаӣ шудани хабари марги мармузи Фирдавс Раҳматов, сарбози навхидмат ва боздошти се сарбози собиқадори ин воҳиди низомӣ дар робита ба марги Фирдавс, вирди забони расонаҳо шуд.

Вазорати дифоъ қабл аз сафари генерал Шералӣ Мирзо ба вилояти Суғд эълон карда буд, ки се фармондеҳи қисми низомии мазкур — фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи ин воҳиди низомӣ — ба далели хунукназарӣ то замони анҷоми тафтиши парвандаи марги Фирдавс Раҳматов аз иҷрои вазифа барканор шудаанд. Аз вазорати дифоъ ба "Озодӣ" гуфтанд, ки Шералӣ Мирзо баъди бозгашт аз сафари Суғд билофосила ба хотири ширкат дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Санкт-Петербурги Русия рафтааст.

Аммо Дилором Раҳматова, модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов гуфтааст, вазири дифоъ дар муддати дар вилояти Суғд қарор доштанаш бо касе аз аҳли хонаводаи онҳо мулоқот накардааст.

Волидайни сарбоз: писарамонро бо лату кӯб куштанд

Фирдавс Раҳматов, сокини шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи ин шаҳр рӯзи 7 майи соли равон аз тариқи "облава" иҷборан ба артиш бурда шуд. Ӯ дар Конибодом дар қисми низомии 04080 хидмат мекард. Аммо як моҳ баъд, шаби 7 ба 8 июн, масъулони қисми низомӣ ҷасади беҷони Фирдавсро оварда, ба волидонаш супурданд. Ин масъулон ибтидо гуфтаанд, ки гӯё Фирдавс Раҳматовро офтоб задааст ва бар асари ин, забонаш дарун рафтаву пеши роҳи нафасашро гирифтааст. Вале волидони Фирдавс ба ин фарзия бовар накарда, марги мармузи ӯро аз тариқи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ расонаӣ карданд.

Рӯзи 11 июн Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд бо баргузории як нишасти вижаи хабарӣ тасдиқ кард, ки Фирдавс Раҳматов на бо марги табиӣ, балки бар асари латукӯби ҳамхидматони собиқадор, ба истилоҳ "дед"-ҳо, ҳалок шудааст.

Нуров гуфта буд, санҷиши гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса ошкор кард, ки 7-уми июн тахминан соати 15 сержантҳо Сулаймонов Раббонӣ ва Комрон Раҳимов дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро барои қазои ҳоҷат бурда, аз чашми афсарон пинҳон, ин сержантҳо ва аскари собиқадори қаторӣ — Айём Назаров аскари навдаъват — Фирдавс Раҳматовро зарбу лат мекунанд, ба гардан ва қафаси синаи вай мезананд, ки дар натиҷа Фирдавс нафасгир шуда, дар давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Додситонии ҳарбӣ алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов мутобиқи банди 391, қисми 3 — и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва нисбат ба Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 — "вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0