https://sputnik.tj/20150528/1015586538.html
Як сарбоз барои лату кӯби ҳамхидматаш ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд
Як сарбоз барои лату кӯби ҳамхидматаш ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Фаррух Пулодов барои нишон додани бартарии худ ҳамхидматаш – Баҳриддин Насриддиновро мавриди лату кӯби шадид қарор медиҳад, ки дар натиҷа Баҳриддин ҷароҳати... 28.05.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-05-28T14:00+0500
2015-05-28T14:00+0500
2021-07-21T14:13+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101380/17/1013801773_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_8b6caecc0f28e542fb71543f177bdd97.jpg
хуҷанд
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101380/17/1013801773_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_eaa1b6f33ee38b9eb0f6aaae20961a4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, хуҷанд, душанбе, фаррух пулодов, баҳриддин насриддинов, додгоҳи низомии гарнизони душанбе, вазорати мудофиа, ҳукм, зиндон
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, хуҷанд, душанбе, фаррух пулодов, баҳриддин насриддинов, додгоҳи низомии гарнизони душанбе, вазорати мудофиа, ҳукм, зиндон
Як сарбоз барои лату кӯби ҳамхидматаш ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд
14:00 28.05.2015 (Навсозишуда: 14:13 21.07.2021) Фаррух Пулодов барои нишон додани бартарии худ ҳамхидматаш – Баҳриддин Насриддиновро мавриди лату кӯби шадид қарор медиҳад, ки дар натиҷа Баҳриддин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, чанд рӯз дар беморхона бистарӣ шудааст.
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Фаррух Пулодов, сарбози Вазорати мудофиаро барои латукӯби шадиди ҳамхидматаш-Баҳриддин Насриддинов, ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон".
Дар ин бора ба хабаргузорӣ ташкилоти ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" иттилоъ додаанд. Ҳуқуқшиносони ин ташкилот дар додгоҳ манофеи Баҳриддин Насриддиновро ҳимоят мекарданд.
Қазияи лату кӯби Баҳриддин Насриддинов, сокини 22-солаи шаҳри Хуҷанд, 6-уми марти соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваста, зери назорати ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буд.
Ба иттилои "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" Фаррух Пулодов дар ошхонаи қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа барои нишон додани бартарияти худ Насриддиновро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, давоми чанд рӯз беҳушу бе ёд дар беморхона бистарӣ буд.
Баҳриддин Насриддинов ду соли пеш ба хизмат дар қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа ҷалб шудааст ва тибқи фармони президент бояд моҳи апрели соли аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт ҷавоб дода мешуд.