ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Додгоҳии Олии иқтисодии Тоҷикистон аввали моҳи ҷорӣ зимни баррасии баҳси миёни ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз, баҳсро ба нафъи Кумита ҳал намудааст, мегӯяд Наим Мансурзода, раиси ин додгоҳ.
Мансурзода дар як нишасти матбуотӣ 15 июл гуфт, зимни судури ҳалномаи додгоҳ мавзӯи пул матраҳ нашудааст, балки то куҷо қонунӣ будани қарори Кумитаи андоз дар бораи санҷиши фаъолияти ширкати "Babilon-Mobile" ва қарор дар мавриди ситонидани андоз, фоиз ва ҷаримаҳо баррасӣ шуд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки додгоҳ пас аз баррасии ин баҳс ба натиҷа расид, ки қарори Кумитаи андоз дар бораи санҷиши фаъолияти ширкати "Babilon-Mobile" ва қарор дар мавриди ситонидани андоз, фоиз ва ҷаримаҳо заминаи қонунӣ дорад ва додгоҳ низ ин баҳсро ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард.
Ба ин тартиб, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, баҳси ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз ниҳоӣ шуда ва дигар зинае вуҷуд надорад, ки тарафҳо, ба хусус ширкати "Babilon-Mobile" барои бозбинии он муроҷиат кунад.
Ба нафъи Кумитаи андоз ҳал шудани баҳс бо ширкати "Babilon-Mobile" аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи гузашта Додгоҳи конститутсионӣ ин баҳсро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал карда кард ва гуфт, ки талаби 341 миллион сомонӣ андоз аз ин ширкат ба Қонуни асосӣ муғойират надорад.
Дар қарори додгоҳи сатҳи болотарини Тоҷикистон омадааст, низомномае, ки Кумитаи андоз бар асоси он аз ширкати "Бабилон" пардохти беш аз 341 миллиону 140 ҳазор сомониро талаб кард, бо Конститутсия мухолифат надорад ва аз ин рӯ амалкардҳои Кумитаи андоз ғайриқонунӣ буда наметавонад.
Қаблан Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати "Бабилон" дар муроҷиаташ ба Додгоҳи конститутсионӣ хоста буд, мутобиқати банди 7-и "Низомномаи муҳосибаи арзиши аслии маҳсулот" ба бандҳои 12, 32 ва 45-уми Қонуни асосии Тоҷикистонро муайян намояд, ки Кумитаи андоз ҳангоми санҷиши "Бабилон" бар асоси он амал кардааст. Бандҳои мазкур фаъолияти соҳибкорӣ, моликият ва пардохти андозро танзим мекунанд.
Раиси ширкати "Бабилон" дар муроҷиаташ ба додгоҳ гуфтааст, андоз дар Тоҷикистон на бар асоси низомнома, балки бар асоси қонун муқаррар мешавад, вале амалкарди Кумитаи андоз бар асоси низомнома аст ва аз ин рӯ мухолифи қонун мебошад.
Вале Додгоҳи конститутсионӣ гуфтааст, баъд аз омӯзишу баррасӣ муайян кард, низомномаи ёдшуда ба бандҳои 12, 32 ва 45-ум Қонуни асосӣ мутобиқат мекунад ва амалкардҳои Кумитаи андоз ғайриқонунӣ буда наметавонад. Ба гуфтаи додгоҳ, "Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот ҳаққи фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро, ки Конститутсия кафолат додааст, манъ ва ё маҳдуд намекунад".
Баҳсу даъвои пурсарусадои ширкати "Бабилон-Мобайл" бо Кумитаи андоз аз соли 2014 шурӯъ шуд ва то ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашид ва дар инҷо низ ба нафъи давлат тамом шуд. Баҳори соли 2014 баъди санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯи андозҳои супурдаи "Бабилон-Мобайл" аз соли 2011 то соли 2013, Кумитаи андоз гуфт, ки ширкат дар ин муддат ба маблағи 341.4 миллион сомониро пинҳон кардааст, ҳарчанд "Бабилон-Мобайл" ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ин хулосаи ғайриқонунӣ аст.
"Бабилон-Мобайл" қазияро ба додгоҳ бурд, вале дар ҳамаи зинаҳо даъвои онро рад карда, ба нафъи Кумитаи андоз қарор бароварданд. Ба гуфтаи "Бабилон-Мобайл", мутахассисони Кумитаи андоз садҳо миллион сомонӣ хароҷоти "Бабилон-Мобайл"-ро даромад ҳисоб карда ва аз онҳо 217 миллион сомонӣ андоз, 50 миллион сомонӣ ҷарима ва 73 миллион сомонӣ фоиз талаб кардаанд, ки ин дуруст нест.