ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар бораи баланд бардоштани андози аксизии истифода аз воситаҳои алоқа кулли ширкатҳои мобилӣ дар сомонаҳои расмии худ иттилоъ доданд.
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҶТ" аз 18 марти соли 2015, шурӯъ аз 1 апрел андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд ва ин тағйирот аз аз имрӯз расман мавриди амал қарор гирифт, иттилоъ дода мешавад дар сайтҳои ширкатҳои Tcell, Билайн-Тоҷикистон, Мегафон-Тоҷикистон ва Вавилон-мобайл.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти он, ки аз имрӯз, 1-уми апрел, андози аксизӣ аз 3 ба 5 дарсад боло бардошта шудааст, нархи хизматрасониҳои ин ширкатҳо низ ба ҳисоби миёна 2 дарсад боло бурда мешавад.
Ин иттилоъро ширкатҳои мобилии пешсафи кишвар, аз қабили Tcell, Beeline, Megafon-Тоҷикистон таъйид карда, афзуданд, ки ин иқдом ба боло рафтани андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ рабт дорад.
"Бо назардошти боло рафтани андози аксизӣ то 11-уми апрел нархи хизматрасониҳои ширкати "Вавилон-Мобайл" ба андозаи ду дарсад боло бардошта хоҳад шуд",- гуфтанд дар ин ширкат.
Аввали моҳи март Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд ва тағйирот аз аз имрӯз расман мавриди амал қарор гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2014 Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони раҳбарияти Вазорати молия ва иқтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронӣ карда буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки "дар Тоҷикистон операторони мобилӣ аз 1 сомонӣ 32 дирам танҳо андоз месупоранд ва ба истиснои ин хароҷотҳои дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла арзиши аслии маоши кормандон, хароҷот барои нигоҳдоштани шабакаҳои алоқа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, қабули пардохтҳо ва ғайра.