ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон раванди ҳабси ҳисобҳои бонкии яке аз ширкатҳои бузургтарини ироакунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон Вавилон-Мобайлро (Babilon-M) идома дода, иддао дорад, ки чунин муқаррарот дар қавонини кишвар мушшахас шудааст, хабар медиҳад сомонаи ниҳоди андоз.
Дурустии аъмоли худро Кумитаи андоз ба ин нукта марбут медонад, ки ин ниҳод тибқи моддаи 5 Қонуни мурофиавии иқтисодӣ баъд аз судури ҳукми додгоҳи истинофии Додгоҳи олии иқтисодӣ барои ба сурати иҷборӣ аз ҳаққи бозпас гирифтани қарзҳои андоз бархурдор мебошад.
"17 декабри соли 2014 шикояти истинофии ширкати Вавилон-Мобайл аз сӯйи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон пазируфта нашуд ва тибқи моддаи 72 Қонуни андоз ҳукумати Тоҷикистон ҳисобҳои бонкии ин ширкатро ҳабс кард", — таъкид мекунад ниҳоди андози кишвар.
Вале ба таъкиди Кумита, ба онҳо то ҳол огоҳнома дар бораи он, ки Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти ширкатро ба сурати истинофӣ қабул кардааст, шомил нашудааст.
"Мо аз ин бора аз номаи ширкати Вавилон-М огаҳӣ ёфтем, вале бо вуҷуди ин, раванди бозпас гирифтани иҷбории қарзҳои андоз аз ин ширкат муттавақиф карда шудааст", — омадааст дар баёния.
Раҳбарияти Кумитаи андоз зикр мекунад, ки ширкати Вавилон-Мобайл дар бораи ҳабси ҳисобҳои бонкӣ аз қабл огаҳ шуда аз қонунӣ будани чунин амр дар ҷараён буд, вале, бо вуҷуди ин, раҳбарияити ширкат дар расонаҳо Кумитаи андозро дар нақзи қавонин муттаҳам кард.
"Мо чунин амрро ҳамчун идомаи раванди сарпеҷӣ аз пардохти қарзҳои андоз арзёбӣ мекунем. Мо бар ин назарем, ки ширкат расонаҳоро дар бораи раванди таҳқиқи ин ҳодиса нодуруст огоҳ карда талош дорад, ки қазия ба судаш ҳал шавад. То ҳалли ниҳоии ин қазия набояд ниҳоди давлатиро дар судури аъмоли ғайриқонунӣ муттаҳам кард. Ширкат дар оянда низ аз ҳаққи ҳимояти ҳуқуқи худ бархурдор буда метавонад дурустии аъмолашро дифоъ кунад", — зикр шудааст дар баёния.
Дар баёния тавзеъ мешавад, ки кормандони Комитети андоз вазоифи худро тибқи муқаррароти кишвар анҷом медиҳанд ва дар чунин вазъият бефаъолиятӣ баробари нақзи қонун мебошад ва онҳо метавонанд муҷозот шаванд.
Зикр шудааст, ки қаблан ширкат як корманди Комитети андозро дар муносибати душманона нисбати раҳбарияти ширкат муттаҳам карда ба раҳбарияти ин ниҳод шикоят карда буд. Ҳарчанд ин иттиҳомот бепоя буданд, вале ин корманд аз вазифаи худ барканор ва ба ҷойи вай нафари дигар истихдом шуд.
Санҷиши муҷаддади андозӣ, ки дар авохири соли 2013 баргузор шуда буд, ошкор кард, ки ширкат бо дарназардошти ҷаримаҳо ва судҳо 341,4 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст, ки ҳудуди $70 миллион мебошад.
Ин маблағ мавриди баҳс қарор гирифт ва ширкат бо чунин натиҷагирии Комитети андоз розӣ нашуд ва ба додгоҳ шикоят бурд. Муҳокимаи ин қазия дар додгоҳ тӯли соли 2014 идома дошт.
Аз маблағи баҳсии 341,4 миллион сомонӣ танҳо 217 миллион сомонӣ — қарзи аслии ширкат аз андоз, ки ширкат тӯли ин муддат пардохт накардааст, мабалағи дигар — 50,3 миллион сомонӣ ҷарима ва судҳои ин муддат — 73,7 миллион сомонӣ мебошад.
Ин қарзҳои андозӣ, ба гуфтаи андозбандон, замоне пайдо шуданд, ки ширкат дар солҳои 2011-2012 ироъаи хадамоти навъи "МобиПакет"-ро ироъа мекард ва бояд аз суди ба даст овардааш андоз пардохт мекард, вале танҳо қисме аз ин маблағро пардохт кардааст. Санҷиши муҷаддад ошкор кард, ки дар асл ширкат бояд маблағи бештареро пардохт кунад, зеро ба эътиқоди коршиносони Комитети андоз, дар аснод маболиғи суд пойинтар сабт шудааст.