ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон барои ситондани 337 миллион сомонӣ қарзи ширкати "Babilon-M" ба бонкҳои кишвар номаи расмӣ фиристодааст. Ин ниҳод аз бонкҳо талаб кардааст, ин миқдор қарзи "Babilon-M"-ро аз суратҳисобҳои ширкат ба нафъи Кумитаи андоз мусодира намоянд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.
"Беҳзод Файзуллоев, сарвари ширкати мухобиротии "Babilon-M" ба он ишора кард, ки Кумитаи андоз мехоҳад, суратҳисоби моро дар тамоми бонкҳо маҳкам кунад, то ки дуруст фаъолият карда натавонем. Ба фикри мо, ин ғайриқонунӣ аст. То замоне ки баҳсҳои мо дар судҳои иқтисодӣ идома дорад, бояд суратҳисобҳои мо маҳкам набошад. Он маблағе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб дорад, бо он розӣ нестем ва барои ҳамин баҳс дорем",- қайд мекунад сарчашма.
Файзуллоев мегӯяд, аз он маблағе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб кард, додгоҳ бо қарори худаш 3 миллиону 228 ҳазор сомониашро бекор кард ва дар ҳоли ҳозир 337 миллион "қарз" боқӣ мондааст. Дар сурати маҳкам кардани суратҳисобҳо, мо дигар ягон амалиёти молиявӣ гузаронида наметавонем. Маблағҳо ҳамааш ба андоз меравад.
"Аз он маблағе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб кард, додгоҳ бо қарори худаш 3 миллиону 228 ҳазор сомониашро бекор кард ва дар ҳоли ҳозир 337 миллион "қарз" боқӣ мондааст. Дар сурати маҳкам кардани суратҳисобҳо, мо дигар ягон амалиёти молиявӣ гузаронида наметавонем. Маблағҳо ҳамааш ба андоз меравад. Аз рӯи қонун дар сурати маҳкам шудани суратҳисоб, мо танҳо пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, ба мисли пардохти пули барқро, анҷом медиҳем. Аммо мо аз Додгоҳи олии иқтисодӣ низ ҳуҷҷат дорем, ки дар он гуфта мешавад, то анҷоми баҳсҳои судӣ Кумитаи андоз ҳаққи маҳкам кардани суратҳисобҳои моро надорад",- афзудааст оқои Файзуллоев.
Чанде қабл, рӯзи 19 январи соли ҷорӣ, Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабариаш гуфта буд, ширкати "Babilon-M" 341 миллион сомонӣ қарздор аст ва бояд ин пулро қисм-қисм пардохт кунад. Ӯ гуфт, ҳадафи ниҳоди зертобеаш аз чунин "сахт" гирифтани ширкат танҳо иҷрои рисолати худ, яъне ҷамъоварии андоз аст, вагарна ба "Babilon-M" ҳеч ғараз надоранд.
Ҳоло ширкати "Babilon-M" ба зинаи назоратии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурда, ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодиро ба баҳс кашидааст. Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳси қарздории "Babilon-M" аз Кумитаи андозро ба нафъи дувумӣ ҳал карда буданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки як чунин баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкатҳои мухобиротии "ТТ-Мобайл" ("Мегафон Тоҷикистон") ва "Таком" ("Билайн") низ иттифоқ уфтода буд, аммо ҳар ду қазия ба нафъи ширкатҳои мазкур ба анҷом расид.