ВКД: “омӯзгори варзиш директор ва муовини мактабро қатл кардааст”

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife OuttakeКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод, қатли директор ва муовинаш аз ҷониби омӯзгори варзиш дар заминаи хусумати шахсӣ-оилавӣ сар задааст.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Юлдош Айматов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и ноҳияи Турсунзода соати тақрибан 10-и 29-уми май мудири ин мактаб Дилором Нишоноваи 51 сола ва муовинаш Гулнора Юлдошеваи 48-соларо бо зарби корд ба қатл расондааст, менависад сомонаи ВКД.

Зиндон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми 17,5 соли зиндони мудири бозори “Назари нек” барои қатли ятим

Айматови 53-сола бо хоҳарон Дилором ва Гулнора хусумати корӣ-оилавӣ дошта, баъд аз анҷоми ин амал, худашро ба мақомот таслим кардааст, менависад сомона.

"Айтматов Гулнораро зимни ҷамъомади субҳгоҳӣ дар саҳни ҳавлии мактаб дар ҳузури омӯзгорону донишомӯзон қатл кардааст", — менависад оҷонсии "Озодагон".

"Омӯзгори 53-солаи мактаби рақами 7-и Турсунзода аз сабаби вайрон шудани муносибатҳои корияш бо роҳбарияти мактаб соати 09:30-дақиқа аз бозор корди ошхонагӣ харида, дар ҳолати мастӣ, ҳадафмандона ба мактаби мазкур меояд", — омадааст дар сомонаи ВКД.

"Дар утоқи корӣ бо директори мактаб зани 51-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҷангу ҷанҷол намуда, ба қисмати гардани ӯ бо корд як зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад", — зикр шудааст дар идомаи иттилои сомонаи ВКД.

"Сипас, гумонбаршуда бо ин ҷинояти содирнамудааш қаноат накарда, дар саҳни мактаб муовини мудири мактаб, зани 48-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо истифода аз корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш мезанад. Ҷабрдидаи дуюм аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст", — менависад сомона.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0