ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Мудири бозори "Назари нек" ва ду кормандаш, ки дар қатли Зиёдбек Ҷӯраев муттаҳам буданд, аз 16 то ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуданд, менависад Радиои Озодӣ.
Ин ҳукм имрӯз дар додгоҳи вилояти Суғд эълом шуд.
Рустам Ҷӯраев, мудири бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қатли Зиёдбеки 17 сола, шогирди ятимхонаи шаҳри Чкаловск ба 17,5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Рустам Ҷӯраев ҳамзамон дар дузанӣ низ муттаҳам мешавад.
Қаблан додситонӣ барои Ҷӯраев бист соли зиндонро тақозо карда буд.
Аҳлиддин Файзиев — мудири амният ва Бобурҷон Юсуфов, посбони бозор тибқи моддаҳои 104, қисми 2, "қатл" ва 112 — "расонидани зарари ҷисмонӣ" ба 16 солу 3 моҳи зиндон маҳкум шуданд.
Абдунабӣ Тоҷиев, мудири ошхона ба далели даст надоштанаш дар ин ҷиноят аз ҷавобгарӣ озод шуд.
Ёдовар мешавем, ки 15 январ ду нафар ноболиғони шогирдони ятимхона, бо шикастани қулф вориди маркази тиҷоратии "Сабрина", воқеъ дар бозори "Назари нек" мешаванд. Онҳо аз ҳазинаи мағоза 386 сомонӣ мегиранд, вале зуд ошкор ва латукӯб мешаванд. Яке аз онҳо — Заёдбек дар пайи латукӯб дар маҳалли ҳодиса ҷони худро аз даст медиҳад.