ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раҳбарони ду кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия тарҳи қонунеро омода карданд, ки бино бар он давраи иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ бо парвонаи ронандагии Русия то 1 марти соли 2017 дароз мешавад, менависад РИА Новости.
Тарҳи нав, ки ба эҳимоли зиёд аз тарафи Думаи давлатии Русия пуштибонӣ хоҳад ёфт, ба кори муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия бо ронандагӣ машғуланд ё мошинҳои шахсӣ доранд, низ таъсир хоҳад дошт.
Пештар онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд, ки наметавонанд дар мӯҳлати таъиншуда, яъне то 1 июни соли 2015 парвона ё шаҳодатномаҳои ронандагии худро, ки дар Тоҷикистон гирифтаанд, бо ҳуҷҷати ронандагии Русия иваз намоянд. Бино бар маълумоти мақомоти Русия, то ҳоло танҳо аз 30 то 40 дарсади муҳоҷирон тавонистаанд, барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагии Русия аз имтиҳон гузаранд.
Ба навиштаи "Радиои Озодӣ", имтиҳони ронандагӣ бар пояи қонуни нави Русия танҳо аз санҷиши назариявӣ иборат буд. Аммо ин имтиҳонро 20 то 30 дарсади хоҳишмандони дарёфти шаҳодатномаи ронандагии Русия супурда наметавонанд. Гузашта аз ин бисёре аз соҳибони парвонаҳои ронандагии хориҷӣ баъд аз садамаҳо ба ватани худ фирор мекунанд ва ин ҳолат ҷуброни молии осебҳоро номумкин мегардонад.
Ба ин далел раиси Кумитаи Думаи руси дар умури нақлиёт Евгений Москвичев ва ноиби раиси Кумитаи Дума дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ Татяна Москалкова пешниҳод кардаанд, ки мӯҳлати табдили ҳуҷҷатҳои хориҷии ронандагӣ ба русӣ то аввали марти соли 2017 идома ёбад.
Муаллифони тарҳи нав ҳарчанд далелҳои гуногун меоранд, коршиносон бар инанд, ки тағйири қонун ба хотири сокинони Қрим ҷараён мегирад, ки дар моҳи марти соли 2014 ба ҳайати Русия шомил карда шуд. Дар ин ҷо аксари мардум ҳуҷҷатҳои ронандагии Украинаро доранд ва дар муддати боқимонда, яъне то 1 июни соли равон онҳоро бо ҳуҷҷати русӣ иваз карда наметавонанд. Дар натиҷа онҳо ҳамчунин наметавонанд дар минтақаҳои дигари Русия кор ва даромад пайдо кунанд. Инчунин аз манотиқи гуногуни Украина ҳазорон нафар дар Русия паноҳанда шудаанд, ки низ гувоҳномаи ронандагии Украинаро доранд.
Бояд гуфт, сокинони Қрим дар гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия имтиёзҳо доранд, вале барои ин бояд танҳо ба ниҳодҳои бозрасии давлатии автомобилии Русия дар Қрим муроҷиат кунанд. Агар онҳо дар қаламрави Русия кор мекарда бошанд, аз ин имтиёз истифода бурда наметавонанд.
Ба ақидаи вакилони Думаи Русия, шаҳрвандони Беларус низ тобистони имсол ба айни вазъият рӯбарӯ хоҳанд шуд. Дар шарҳи қонуни нав омадааст, ки дароз кардани мӯҳлати табдили ҳуҷҷатҳоои ронандагии хориҷӣ то 1 марти соли 2017 метавонад шароити беҳтареро барои онҳо ва муҳоҷирони дигар ба миён оварда, дар кори ширкатҳои ҳамлу нақл душворӣ эҷод накунад.
Агар пешниҳоди вакилон пазируфта шавад, ин дувумин тамдиди мӯҳлати ивазкунии ҳуҷҷатҳои ронандагии хориҷӣ дар Русия мешавад. Қаблан, ин мӯҳлат ба 9 майи соли 2014 таъин шуда буд, аммо бо сабаби иҷрои сусти қонун мӯҳлат то 1 июни соли 2015 дароз карда шуд. Бо вуҷуди ин даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия шикоят мекарданд, ки полиси роҳ онҳоро бо баҳонаи кӯҳна ё моли Тоҷикистон будани парвонаи ронандагияшон ҳадафи фишор ва ришваситонӣ қарор медиҳанд. Онҳо мегӯянд, барои мошинронӣ бо шаҳодатномаи хориҷӣ шахс аз 15 то 50 000 рубл ҷарима мешавад.
5-уми ноябри соли 2013 мақомоти Русия ба манъи парвонаҳои тоҷикӣ дар қаламрави ин кишвар амр доданд. Як садамаи роҳ дар шаҳри Самара гӯё сабаби ин тасмим шуд.