Дар вилояти Маскав ҳамарӯза беш аз ҳазор муҳоҷир санҷиш месупоранд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСупоридани санҷиш дар маркази имтиҳоноти муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Супоридани санҷиш дар маркази имтиҳоноти муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти муҳоҷирати вилояти Маскав наҳваи қабули санҷиш аз муҳоҷирон барои донистани забони русиро такмил доданд ва ҳамакнун имкон доранд ҳамарӯза аз як ҳазор муҳоҷир санҷиш қабул бикунанд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳамарӯза беш аз ҳазор муҳоҷир ба Маркази воҳиди муҳоҷират дар вилояти Маскав барои супоридани санҷиш аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ташриф меоранд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо аз синфхонаҳо барои анҷоми санҷиш дидан кардем. Раванди қабули санҷиш бидуни таваққуф сурат мегирад ва ин раванд то ҷузъиёти кӯчак коркард шудааст. Ҳамзамон, дар як баст метавонанд 125 нафар санҷиш бисупоранд", — гуфт узви Шӯрои ҷамъиятии назди ИФМ Владимир Шапошников.

Ба иттилоъи вай, дар моҳи январи соли 2015 дар Маркази муҳоҷират беш аз 8 ҳазор атбоъи хориҷӣ санҷиш супоридаанд. Дар моҳи феврал ҳамарӯза беш аз як ҳазор нафар хориҷиён аз санҷиш гузаштаанд.

Тибқи дурнамои ИФМ Русия, дар соли ҷорӣ ҳудуди 3,4 миллион нафар хориҷиён бояд аз санҷиш бигзаранд.

Аз 1 январи соли 2015 иҷрои ислоҳоти қавонини ФР оғоз шуд, ки вазъи ҳуқуқии атбоъи хориҷӣ дар Русияро танзим мекунад. Ҳамакнун барои таҳияи муҷаввизи кор, барои иқомати муввақатӣ ва ё иҷозаи иқомат табаъайи хориҷӣ, ба ҷуз аз муттахасиси варзида, муваззаф аст донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қавонини Русияро собит созад.

Муҳоҷирон бори аввал санҷиши забони русиро супорида наметавонанд

Ба ҷуз аз санади шакли давлатӣ, ин донишҳоро бо санади таҳсил дар донишгоҳҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1991 ва ё таҳсил дар қаламрави Русия баъд аз соли 1991 таъйид кардан мумкин аст.

Баргузории санҷишҳо, ироъаи санади таъйид, таҳияи феҳрасти муъассисоте, ки барои анҷоми санҷиш муввазафанд, бар салоҳияти вазорати маъориф ва илми Русия вогузор шудаанд.

Қабули асноди таъйиди супоридани санҷиши муштарак аз сӯйи ИФМ Русия анҷом мешавад.

Ба ғайр аз ин, аз соли ҷадид барои вуруд ба ФР ба атбоъи хориҷӣ доштани шиносномаи хориҷӣ (ба ҷуз аз кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё — Қазоқистон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон) зарур аст.

Тибқи омори авохири соли гузашта дар қаламрави ФР, ба ҷуз аз Қрим ва гурезаҳои украинӣ, бо аҳдофи мухталиф ҳудуди 9,9 миллион нафар атбоъи хориҷӣ қарор доштанд, ки аз онҳо ҳудуди 2,7 миллион нафар ба сурати қонунӣ дар ФР кор мекарданд.

Ба иттилоъи вазорати меҳнати Тоҷикистон, соли 2014 аз кишвар 834 ҳазору 58 нафар ба хориҷа сафар кардаанд, ки аз онҳо 670 ҳазору 806 нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0