ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Коҳиши рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2015 вобаста ба бӯҳрони иқтисодии Русия ва то 30- 40% кам гардидани интиқоли маблағҳои ирсолии муҳоҷирин одома хоҳад ёфт, омадааст дар гузориши "Макромониторинги ИДМ"-и Бонки рушди АвруОсиё (БРА).
Муаллифони гузориш ҳамчунин ба заъфи бонҳои Тоҷикистон ва сатҳи баланди фоизи қарзҳо ишора карда мегӯянд, ин омил ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
"Аз тарафи дигар, сармояҳои хориҷӣ, ки барои бунёди муассиса ва зербаноҳо равона мешаванд, рушди иқтисодро дастгирӣ хоҳанд кард",- қайд мекунанд дар бонк.
Тибқи пешгӯии медиа-консенс рушди ММД дар Тоҷикистон дар соли 2015 ба 4,4% (ҳукумат 7,2%-ро интизор аст) баробар мешавад. Аммо дар гузориш қайд мегардад, ки ин пешгӯиҳо ниҳоӣ нестанд ва коҳиши рушди иқтисод ба сатҳи болотар низ дар назар аст. Яъне, агар ирсоли маболиғ кам шуда, сармоягузории хориҷӣ низ коҳиш биёбад, он гоҳ иқтисоди кишвар ба мушкил мувоҷеҳ мегардад.
Барқароркунии дараҷаи содирот аз рӯйи ҷамбасти натоиҷи соли 2014 омили кӯтоҳмуддат буда, дар соли 2015 пояи устувор нахоҳад дошт.
Бонки рушди АвруОсиёӣ дар соли 2006 аз сӯи Русия, Қазоқистон, Арманистон ва Тоҷикистон барои тавсеаи бозори озоди иқтисодӣ ва рушди иқтисодии ин кишварҳо ташкил шуда буд. Фаъолияти ин ниҳоди молӣ дар Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз гардид.