ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Мизони умумии маблағҳои интиқолёфта ба Тоҷикистон дар соли 2014 $3,9 миллиард шудааст, ки 8,3% камтар аз омори соли 2013 мебошад, омадааст дар хабари Бонки миллии Тоҷикистон.
Коҳиши арзиши нафт ва таҳримоти кишварҳои ғарбӣ дар қиболи Русия боъиси уфти иқтисодӣ дар ин кишвар ва пойин рафтани қурби рубли русӣ шудаанд, ки дар ниҳоят ба мизони интиқоли маболиғ ба Тоҷикистон низ асар гузоштааст.
"Соли гузашта мизони аслии маболиғи пулӣ ба Тоҷикистон бо рубли русӣ ворид шуданд ва қурби пойини он ба коҳиши умумии мизони маболиғи интиқолшуда таъсир гузошт. Русия аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва уфти иқтисоди Русия мустақиман ба вазъият дар кишвари мо таъсир мегузорад", — омадааст дар хабар.
Тибқи омори Бонки миллӣ аз мизони умумии маболиғи интиқолшуда аз Русия ба Тоҷикистон 89,1% ба рубли русӣ, 10,8% ба доллари ИМА ва 0,1% ба евро сурат гирифтаанд.
Дар робита ба иттилоъи расонаҳои русӣ мабнӣ бар он, ки ширкатҳои интиқолкунандаи пулии Русия арзиши хадамоти худро боло бурдаанд, дар Бонки миллӣ гуфтанд, ки то ҳол дар ин замина огоҳии расмӣ дарёфт накардаанд ва таъйини арзиши ин хадамот дар салоҳияти бонкҳои Тоҷикистону Русия қарор дорад.
Дар соли 2013 ба Тоҷикистон 4 миллиарду 154,3 миллион маблағ ворид шуда буд, ки нисбати соли 2012 $520,1 миллион бештар буд.
Раванди коҳиши мизони интиқоли маболиғ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2014 низ мушоҳида ҳуда буд ва он замон ба кишвар $644 миллион мунтақил шуда буд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013 $35,7 миллион камтар буд.