Дик Чейни: Обама ин фоҷиъаи ИМА аст

© wikimedia.org / Гузариш ба медиабонкДик Чейни. Акс аз бойгонӣ
Дик Чейни. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатмадори саршиноси амрикоӣ раҳбари феълии Кохи сафедро бадтарин раиси ҷумҳур дар миёни ҳамаи президентҳои собиқи ин кишвар дониста изофа кард, ки Обама дар посух ба интиқодоти зиёди мухолифонаш бидуни далеле аз “қорти қавмӣ” истифода мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дик Чейни, муъовини собиқи раиси ҷумҳурии ИМА дар мусоҳиба бо маҷаллаи Playboy аз фаъолият ва сиёсати Барак Обама интиқоди сангин кард, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ба Барак Обама менигараму бешубҳа бадтарин раиси ҷумҳур аз миёни ҳамаи руасое, ки ман дидаам, мебинам. Замоне буд, ки ман шадидан аз Ҷими Картер интиқод мекардам, вале вай ба ҳеҷ ваҷҳ бо Обама қиёс намешавад ва ин зараре, ки вай ба кишвар мерасонад — ин фоҷиъа аст, фоҷиъаи воқеъӣ ва моро зарур меояд, ки қиммате ҳангуфтеро пардохт кунем, то аз ин ҷарие, ки дар замони раёсати Обама ба он афтодем, берун биоем", — гуфт Чейни.

Сиёсатшинос: иқдомоти хориҷии Обама ба сифр баробар аст

Ба эътиқоди сиёсатмадори амрикоӣ, раҳбарони ояндаи Иёлоти Муттаҳида аз имконоти кофӣ барои муқобала бо таҳдидот ва хатарот бархурдор нахоҳанд буд, зеро талафоти бештар зимни раҳбарияти Барак Обама ва тими вай ба арсаи тавлидоти низомӣ расонида шуд — "дар бахши зеҳнӣ, молӣ ва сармоягузории давлатӣ".

Дик Чейни ҳамчунин изҳор дошт, ки Обама ва додситони кулл Эрик Холдер ба ҳангоми шунидани интиқодоти мухолифон аз "қорти қавмӣ" истифода мекунанд, вале ба гуфтаи Чейни, ҳар дуи онҳо "сазовори интиқодот барои бесалоҳиятӣ ва амал накардан ҳастанд" ва ранги пӯст ин ҷо ҳеҷ нақше надорад.

Лентаи хабарҳо
0