Сиёсатшинос: иқдомоти хориҷии Обама ба сифр баробар аст

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури ИМА Барак Обама. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатшиноси амрикоӣ барои сомонаи Tomdispatch матлаби таҳлилӣ таҳия карда, дар он аз сиёсати хориҷии Барак Обама ва тими ӯ шадидан интиқод кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Сиёсати хориҷаи раиси ҷумҳури ИМА ва тими вай бемантиқ ва ба сифр баробар аст, навиштааст профессори донишгоҳи Бостон, сиёсатшинос ва пажӯҳишгар Эндрю Басевич, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ба эътиқоди пажӯҳишгар, куллияи иқдомоти Обама дар арсаи сиёсати хориҷӣ, ки дар замони раёсати нахустинаш рӯйи даст гирифта шуданд, ноком шуданд. Мудохила ба умури дохилии ҷаҳони исломӣ бо ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон анҷом ёфтанд, муносибати миёни Русия ва ИМА ба ҷойи "таввақуф" сард шуданд, "масири Осиё" ҳамчунон натоиҷе намедиҳад. Аз чаҳор имтиёз Басевич ба сиёсати Обама баҳои сифр додааст.

"Мутаассифона, ин сиёсати хушку бесамари сиёсатшинос тарҳҳои замони Обамро рӯшан мекунад. Аҳён вақт дидан мумкин аст, ки заҳмати ин теъдод афроди мӯътабар чунин натиҷаи ҳеч дода бошад", — менависад пажӯҳишгар.

"Зимни баррасии комёбиҳои раиси ҷумҳури Амрико, ки ба он ҳамалоти пайвастаи ҷангандаҳои бидуни сарнишин, кумитаи Нобелӣ шомил мешаванд, фикре ба сарам меояд, ки шояд аз Обама ҷоизаи сулҳи Нобелро бозпас бигирем", — ҳадс задааст профессор.

Мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Обама анҷом меёбад ва Эндрю Басевич мутмаин нест, ки бояд дар замони боқимонда аз сиёсати хориҷии вай интизороти зиёд дошта бошем.

Бале, дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон бархе аз тавофуқот ба даст омадаанд (бо вуҷуди ин қонунгузорони амрикоӣ роҳандозии таҳримоти бештар алайҳи Эронро баррасӣ мекунанд), менависад вай, вале нишонаҳои футуроти зеҳнӣ баръало дида мешаванд.

"Он ҷо, ки дурнамои кор нест, мардум кушта мешаванд. Набояд худро фиреб дод. Барак Обама ва тими вай биниши дақиқи масири сиёсати хориҷии кишварро надоранд ва надоштанд", — мӯътақид аст профессори донишгоҳи Бостон.

Лентаи хабарҳо
0