Нашрияи расмии Тоҷикистон бохти ҲНИТ дар интихоботро шарҳ дод

© SputnikНашрияи "Ҷумҳурият"
Нашрияи Ҷумҳурият - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як муаллиф бо исми Абдулқодир Камолов, ки аз вай шореҳи сиёсӣ ном бурда мешавад, дар сомонаи нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” сабабҳои шикаст хӯрдани ҲНИТ-ро шарҳ додааст.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Омилҳои беруниву дарунӣ арзи вуҷуд карданд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи парлумонӣ шикаст хӯрад, навиштааст Абдулқодир Камолов, як муаллифи "Ҷумҳурият", ки нашрия аз вай ба унвони шореҳи сиёсӣ ном мебарад.

Нишони ҲНИТ дар бинои марказии ҳизб дар пойтахти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои сиёсии ҲНИТ: “интихобот ношаффоф ва ғайриозод буд”

"ҲНИТ иллатҳои асосии мағлубияташро дар интихобот, пеш аз ҳама бояд дар фаъолияти роҳбарону фаъолонаш дар маҳалҳо, инчунин тағйирёбии назари ҷомеа ба ҳаракатҳои исломгаро дар ҳошияи воқеаҳои солҳои ахири минтақавию ҷаҳонӣ бозҷӯӣ намояд", — омадааст дар матлаби ин муаллиф, ки зери унвони "Чаро мардум ба ҲНИТ овоз надод?" ба нашр расидааст.

Ба бовари муаллиф, "пеш аз ҳама омилҳои берунию даруние арзи вуҷуд карданд, ки заминаи шикасти наҳзатиҳоро дар интихобот фароҳам сохтанд".

Аз ҷумлаи омилҳои беруна аз алоқамандии ҲНИТ ба "Ихвонулмуслимин"-и Миср, таваҷҷуҳи беандоза ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, пайдо шудани ҳаракати террористии Давлати исломӣ ёд мешавад.

"Ҳарчанд наҳзатиҳо кӯшиш карданд, ки даст доштани хешро дар ҷалбу фиристодани шаҳрвандони ҷавони тоҷик ба сафи ҳаракатҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва "Ансоруллоҳ" инкор намоянд, ниҳодҳои масъул бо далелҳои мушаххас баръакси онро исбот намуданд ва мардумро муътақид сохтанд. Аксарияти интихобкунандагон баръало дарёфтанд, ки дар сурати овоз додан ба ҲНИТ, ба нуфуз пайдо кардани ҳизб дар ҷомеа мусоидат мекунанд ва таҳдиди гароиши эҳтимолии фарзанди ҷавони худро ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ бештар месозанд", — навиштааст муаллиф.

Дар матлаб зикр мешавад, ки "дар шароити дохилии кишвар низ наҳзатиҳо ба як қатор иштибоҳоте роҳ доданд, ки тарафҳои барои омма  пӯшидаи фаъолияти пешвоёни наҳзат ошкор шуданд".

Раҳбари ҲНИТ ҳамтоёни худро бо пирӯзӣ табрик гуфт

Ба навиштаи ин нашрия, "ҳизб баҳри некуаҳволии сокинони кишвар умуман барномае надорад ва қобилияти ақлию зеҳнии дастандаркоронаш танҳо дар доираи воҳимаю ҳангомаҳое аз қабили ҳимояи ришу ҳиҷоб дар ҷомеа маҳдуд мегардад" аз иштибоҳи наҳзатиҳо мебошад.

Ба бовари муаллифи матлаби "Ҷумҳурият" аз баҳсҳои судии бозори пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода мисол оварда менависад, ки "ошкор шуд, ки роҳбарони ҲНИТ ҳар кадоме аз молу сарвати бешумор бархӯрдор аст ва ҳамаи инро аз ҳисоби маблағҳои ба номи ҳизб аз тарафи кишварҳои манфиатдор ҷудошуда, пайдо кардааст.

Аз ҷумла, дигар бозору тиҷоратгоҳҳои Муҳиддин Кабирӣ, ширкатҳои сохтмонии ӯ, хонаҳои бешумораш дар шаҳри Душанбе ва сарваташ дар қаламрави Туркия, таҳсилу истиқомати оила ва фарзандонаш дар ҳудуди ин кишвар, боигарии муовинони ӯ дар шаҳри Душанбе ва зодгоҳҳои онҳо, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвои марҳуми ҲНИТ Абдуллои Нурӣ ва бинои мағозаи "Олами кӯдакон", ки аз ҷониби писараш ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сири ҷанги бародаркуш ва "мубориза" — ҳои имрӯзаи ҲНИТ- ро кушоданд, ки ин ҳама сиёсатҳо баҳри манфиати шахсӣ будааст, на аз ин бештар".

Гӯё иштибоҳи дигари наҳзатиҳоро "Нури наҳзат" ифшо кардааст. Дар нашрия навишта шудааст, ки "новобаста аз он, ки муаллифонашон киҳо буданд, пардаро аз рӯи хислатҳои ахлоқии алоҳида аъзои наҳзат бардоштанд. Роҳбарони ҲНИТ бошанд, ба ҷои  маҳкум кардани чунин аъмоли бад, ба ҳимояи онҳо бармехестанд. Ҳол он ки мардуми дар шаҳру ноҳияи истиқоматдоштаи ин бадкорон, аз ин корҳои бад дарак доштанд. Ҳимояи пешвоёни наҳзат дар қалби мардум нисбати ҳизб ҳисси нафратро бедор мекард".

Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд

Омили дигари мағлубияти наҳзатиҳоро дар бардурӯғ будани теъдоди аъзоёнаш шарҳ додааст: "ҲНИТ ба сифрҳои бардурӯғ дар бораи теъдоди 40 ҳазораи аъзояш бовар кард. Дар сурате, ки ин рӯйхатҳо ҳама бардурӯғ буданд.

"Раисони бахшҳои маҳаллӣ дар рӯйхатҳо аксаран занону духтарони хонавода ва хешовандони худ, инчунин ҷавононеро навиштаанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Аксарияти афроди дар ин рӯйхатҳо зикршуда, аз узви наҳзат будани худ хабар надоштанд ва надоранд",-омадааст дар матлаби "Ҷумҳурият".

Муаллифи матлаб пешниҳод мекунад, ки "иқдоми беҳтарин барои наҳзатиҳо ҳамин аст, ки мардонавор мағлубияти хешро бипазиранд, берун аз худ гунаҳгор наҷӯянд, назди ҳар созмони бегонаи хориҷӣ дар хусуси "фишор" — у "тақаллуб" — у "шаффофият" — у ғайра бечораномаҳо набаранд, зеро ин даъвоҳо суде барои онҳо намеоранд". Ва бо чунин ҷумла "наҳзатиҳо агар ба тавфиқи ҳизб дар маъракаҳои сиёсии минбаъда умед дошта бошанд, бояд нахуст ба ислоҳи  ноқисиҳое оғоз кунанд, ки дар ин навишта зикрашон рафт", матлабро ба итмом расондааст.

Лентаи хабарҳо
0