Шӯрои сиёсии ҲНИТ: “интихобот ношаффоф ва ғайриозод буд”

© SputnikНишони ҲНИТ дар бинои марказии ҳизб дар пойтахти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Нишони ҲНИТ дар бинои марказии ҳизб дар пойтахти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонии якуми мартро "ношаффоф ва ғайрииозод" дониста, гуфт, ваъдаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон иҷро нашудааст.

ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботи парлумониро "ношаффоф ва ғайриозод" дониста, натиҷаҳои пешакии онро эътироф намекунад, навиштааст сомонаи Nahzat.

Ин ҳизб мегӯяд, ваъдаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи шаффофияти интихобот онҳоро ба ин маърака дилгарм мекард, "вале ҳанӯз аз рӯзҳои аввал шароити баробар барои ҳама номзадҳо ва ҳизбҳо таъмин нагашт".

Дар ин изҳороти расмӣ, ки 4 март интишор шуд, гуфта шудааст, ба далели он ки додгоҳҳои Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ "ирода ва истиқлолияти кофии касбӣ" надоранд, ҲНИТ барои додхоҳӣ ба ҷое арзу шикоят нахоҳад кард.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 2 март натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумониро эълон кард, ки бар асоси он ҲНИТ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 1.5 дарсад овози сокинонро соҳиб шудааст ва барои ворид шуданаш ба парлумон кофӣ нест. Ин ҳизби динии сиёсӣ дар интихоботи гузашта соҳиби 2 курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон шуда буд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар изҳорташ аз "дахолати мақомоти давлатӣ ба раванди интихобот" низ нигаронӣ карда, "тақаллуб дар шумориши овозҳоро зарбаи бузург ба арзишҳои мардумсолорӣ, суботу оромиши ҷомеа" номидааст. Масъулони танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтаанд, "ин ҳолат метавонад аз тарафи доираҳои ифротӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ истифода шавад."

"Масъулияти ноумедии бештари ҷавонон аз мардумсолорӣ, волоиияти қонун ва адолати сиёсиву иҷтимоӣ ва гароиши эҳтимолии онҳо ба самти тундгароӣ бар дӯши доираҳое мебошад, ки интихоботро бо чунин шакл баргузор карданд,"-таъкид шудааст дар изҳороти ҲНИТ.

Лентаи хабарҳо
0